10 ҳазор доллар: Чаро ВКД ба ваъдааш вафо накард?

10 ҳазор доллар: Чаро ВКД ба ваъдааш вафо накард?

Тафтиши парвандаи гумонбарон дар куштор ва захмӣ кардани чаҳор корманди комиссариати ҳарбии ноҳия Сино ба анҷом расид, аммо Вазорати корҳои дохилӣ ҷоизаи ваъдагиашро барои ошкор кардани куштор ба касе тақдим накардааст.

Субҳи 7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе чаҳор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро ашхоси номаълум бо корд захмӣ кардаанд, ки аз онҳо ду нафарашон ба ҳалокат расид. Он вақт Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки “дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе ашхоси номаълум ба лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссарияти мазкур Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ кардаанд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”. Дар натиҷа майор Пулод Мирзоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва прапоршик Ҳамза Насибов дар бемористон ба ҳалокат мерасанд.

9-уми ноябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани муттаҳамон дар ин қазия аз мардум кӯмак хост. Вазорат эълон дошт, ки “касе дар бораи гумонбар маълумоти дақиқ пешниҳод намояд 10 ҳазор доллари ИМА мукофот хоҳад гирифт”. Ду гумонбар дар куштор ва захмӣ кардани кормандони комиссариат 13-уми ноябр ва 18-уми ноябр боздошт шуданд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба TojNews ҳозир нашуданд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД бо ваъдаи ин, ки бо “дақиқ кардани хабар маълумот медиҳад” аз суҳбат худдорӣ кард. Аммо як манбаъ аз Вазорат гуфт, ки ҷоизаро ба касе надодаанд, дар ин бора танҳо худи вазир маълумот дода метавонад.

Баъди ҳодисаи мазкур Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навореро пахш кард, ки ба гуфтаи мақомот дар он навор яке аз гумонбарон дида мешуд. Ҳамин тавр дар куштор ва захмӣ кардани чаҳор корманди комиссариати ҳарбӣ ду ҷавони 20 ва 21-сола сокинони шаҳри Кӯлоб боздошт шуданд. Гумонбари якум Умедҷони Амрохона, соли таваллудаш 1994 будааст. Тибқи хабари ВКД “ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки айни ҳол дар кофтуков қарор дорад, содир намудааст. Умедҷони Амрохон дар шаҳри Душанбе муваққатан истиқомат дошта, расман бекор мебошад".

18-уми ноябр ВКД аз боздошти гумонбари дуюм хабар дод. Вазорат ин нафарро Шариф Кукуновис Раҳматов ном бурд, ки соли 1995 дар шаҳри Кӯлоб зода шуда, муваққатан дар Душанбе ба сар бурда, бекор мебошад. Мақомот гуфта буданд, ки ин нафарон дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ-фаврии кормандони милиса боздошт шудаанд.

Охири моҳи декабри соли гузашта аз Прокуратураи генералӣ гуфта буданд, тафтиши парванда мазкур ба анҷом расидааст. 

TojNews