Article Pages

Гуруҳ оид ба мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар соли 2018 аз 16 муассиса дидан намуда, аз ҷумла аввалин маротиба дар тавқифгоҳи муваққатии зертобеи Агентии назорати маводи нашъаовар гузаронидани мониторингро оғоз кард. Миёни муассисаҳое, ки Гуруҳ оид ба мониторинг аз онҳо дидан намуд, инҳоянд: муассисаи руҳии вилоятии шаҳри Исфара, тавқифгоҳи...

31.01.2019 - 13:53

Прокуратураи генералӣ мегӯяд, вобаста ба пешгирии шиканҷа назорати қатъиро ба роҳ мондааст ва ҳар як муроҷиату арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои роҳ додан ба шиканҷа ҷиддан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон имрӯз, 29-уми январ, дар нишасти хабарӣ  иттилоъ дод, ки дар соли сипаришуда 4 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба...

29.01.2019 - 15:00

Додгоҳи низомии Хуҷанд муҳокимаи як афсари пулисро, ки ба шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ муттаҳам мешавад, шурӯъ кард. Шуҳрат Шамсиддинов, подполковник ва корманди собиқи идораи пулиси Хуҷанд ба он муттаҳам мешавад, ки соли 2017 баъди боздошти Комил Хоҷаназаров, сокини Ашт бо ду муфаттиши дигар ӯро азобу шиканҷа додаанд, то иттиҳоми узвият дар Ҳизби мамнӯи...

21.01.2019 - 17:56

Сарраёсати қушунҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), ки қисми низомии нерӯҳои алоқа, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, тобеи он аст, вуҷуди сарбоз бо номи Исфандиёри Мирзоҳасан дар ин қисми низомиро рад мекунанд. Сухангӯи ин ниҳод Муҳаммад Улуғхоҷаев, дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, қисми низомии алоқа дар шаҳри Ҳисор ягона қисми низомиест, ки ба Кушунҳои сарҳадӣ тааллуқ дорад...

21.01.2019 - 15:40

Як зани ҳафтодсола дар ноҳияи Айнӣ, ки қаблан бо иттиҳоми "ишғоли худсаронаи замин" дастгир шуда буд, дар боздоштгоҳи муваққатии пулис кӯшиши худсӯзӣ кардааст. Мақомот гуфтанд, Истад Қурбонова тақрибан як ҳафта боз дар бемористони ноҳия зери назорати пизишкон аст. Ба иддаои онҳо, Қурбонова ба сару рӯй ва бадани худ оби ҷӯш рехтааст. Дар аксҳое, ки пайвандони Истад Қурбонова...

17.01.2019 - 10:19

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии ду афсари милисаро, ки ба шиканҷаи як ҷавон муттаҳам мешуданд, қатъ кардааст. Додситонӣ гуфтааст, азбаски дар ҷараёни тафтиши парванда иттиҳомот ба зидди Саёдҷон Қодиров ва Муҳаммад Ҳайдаров, муфаттишони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон исбот нашуд, додситонӣ ба ин натиҷа расид, ки ҳарду нафар гуноҳе накардаанд ва набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида...

14.01.2019 - 14:01

Додситонӣ як муфаттиши умури дохилии шаҳри Турсунзодаро ба шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ки ба гуфтаи мақомот, 8 моҳ бегуноҳ дар боздошт қарор дошт, муттаҳам кард. Шералӣ Азизов, корманди Бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, дастгир шудааст. Азизов ба ин муттаҳам мешавад, ки дар пайи ошкор кардани қотили Дмитрий Каримов, пешхидмати 42-сола дар моҳи ноябри соли 2017 Ҳасан...

12.01.2019 - 15:00

Рӯзи 11-уми январи соли 2019 бо ташаббуси Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баҳри баррасии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 вохӯрии корӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз...

11.01.2019 - 14:00

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нав самимона табрику таҳният мегӯяд!    Дар ин марҳилаи рамзӣ, ки ҳамаи мо хулосабарорӣ кардаву натиҷаҳои фаъолияти солонаамонро баҳогузорӣ менамоем, ба Шумо руҳияи ояндабинона, энерҷии зиёд барои амалӣ намудани фаъолиятатон орзумандем. Бигзор барои амалӣ намудани нақшаҳои беохиру...

29.12.2018 - 14:21

Аз 17 то 28-уми декабри соли 2018 аз ҷониби Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон озмун гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он рӯзи 28-уми декабри соли 2018 эълон гардид. Дар моҳи декабр мо дар баннерҳо ва овезаҳои рекламавии пойтахт яктоӣ моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро иқтибос оварда, дар...

29.12.2018 - 11:00

Страницы