2023: фақат як муроҷиат оид ба шиканҷа, вале муносибати бераҳмона аст

Вобаста ба шиканҷа дар соли 2023 ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат як муроҷиат ворид шудааст, ки он ҳам шиканҷа не, балки муносибати бераҳмона будааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. “Конвенсия ҳаст дар бораи шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф. Дар маҷмуъ, мутаассифона дар бисёр ҳолат ҳамаи ҳаминро шиканҷа мегӯянд. Шиканҷа хусусиятҳои худро дорад. Лекин дар як маврид муроҷиат ворид шудааст, ки ин ҳам бошад, шиканҷа нест, муносибати бераҳмона аст. Мо тибқи тааллуқдорӣ онро ба мақомоти марбута равон мекунем. Дар амал, тавре пеш дар мавриди қариб 10-15 ҳолати шиканҷа ба мо муроҷиат мешуд, дар соли 2023 танҳо як муроҷиат шудааст”,- гуфт ӯ.

Тавре зикр гардид, соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1527 адад (соли 2022-юм 1191 адад) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 292 муроҷиати хаттӣ (дар соли 2022-юм 362 адад), 1216 муроҷиатҳои шифоҳӣ (дар соли 2022-юм 825 адад), 17 муроҷиати электронӣ (дар соли 2022-юм 1 адад) ва 2 (дар соли 2022-юм 3 адад) муроҷиати телефониянд.

Дар маҷмуъ, аз 1527 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоти ВҲИ воридшуда 59 адад мусбат ҳал гардидаанд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

NoTorture.Tj