Article Pages

3-юми декабри соли 2025 ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас" (“Доступное право”), узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон викторинаеро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор намуд. Тақрибан 20 нафар дар ин чорабинӣ иштирок карданд. Ҳадафи он баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ миёни ҷавонон, тақвияти фаҳмиши стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва ташвиқи иштироки...

03.12.2025 - 12:10

Ҳуқуқҳои инсон МУСБАТ ба шумор мераванд Онҳо на танҳо ҳимоя мекунанд, балки ба ҳаёти ҳаррӯза шодӣ, хушбахтӣ ва амният меоранд. Ҳуқуқи инсон - ин воқеияти зинда аст. Ҳуқуқи инсон - ин ғизоест, ки мо тановул мекунем ва ҳавое, ки нафас мекашем, суханоне, ки ба забон меорем, имкониятҳое, ки амалӣ месозем ва механизмҳои муҳофизатие, ки амнияти моро таъмин мекунанд. Ҳуқуқҳои инсон ЗАРУРӢ ба шумор...

03.12.2025 - 12:10

1-3-юми декабри соли 2025 ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ») дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд. Ин чорабинӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд ва ҳадафи он баланд бардоштани маълумотнокии...

03.12.2025 - 12:10

Дар ин давраи тағйирот ва пешгӯинашаванда, вақте бисёриҳо ҳиссиёти нобоварӣ, ноумедӣ ва бегонагиро аз сар мегузаронанд, Мавзуи рӯз арзиши ҳуқуқҳои инсонро бори дигар тасдиқ мекунад ва нишон медиҳад, ки онҳо ба инсоният чун пештара манфиат меоранд. Бо кумаки ин чорабинӣ мо талош менамоем таваҷҷуҳи мардумро ба ҳуқуқи инсон тавассути нишон додани таъсири он ба ҳаёти ҳаррӯзаамон, аксар вақт ба...

02.12.2025 - 12:10

Манъи мутлақи шиканҷа - яке аз меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипи ҳатмии jus cogens мебошад, ки ба ҳеҷ гуна истисно роҳ намедиҳад. Он арзиши олии шаъну шарафи инсонро инъикос мекунад ва дар ҳуҷҷатҳои калидии СММ - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷа сабт шудааст. Дар ин система институтҳои ҷомеаи...

01.12.2025 - 12:10

Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамасола дар саросари ҷаҳон 10-уми декабр таҷлил мегардад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳои ҷаҳонӣ дар дунё - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё дигар эътиқод, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, моликият ё дигар ҳолат эълон кард....

01.12.2025 - 10:03

13 сентябри соли 2025 дар радиои “Ватан” 106.0 FM барнома ба мавзӯи “Озодӣ аз тамға ва табъиз шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар муассисаҳои ислоҳӣ” баргузор гардид. Дар барнома коршиносони Давлатов Балаҷон – духтури сироятшиноси МД «МЧ ВНМО» ва Холмурзаев Мехридин – ҳуқуқшиноси ТҶ “Центр по правам человека” баромад карданд. Барномаро матавонед дар инҷо гӯш кунед: https://hrc.tj/...

27.11.2025 - 14:16

Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми III-юми маҳбасҳо - платформаи бузурги миллӣ баргузор гардид, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои баррасии самтҳои афзалиятноки ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон муттаҳид намуд. Форум ба рушди пробатсия, офиятбахшии маҳкумшудагон ва пешгирии тундгароӣ бахшида шуда буд. Чорабинӣ барои мубодилаи таҷриба...

27.11.2025 - 12:10

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Оё дар қонунгузории гражданӣ ҳимоя аз шиканҷа ва имконияти ҷуброн пешбинӣ шудааст? ПОСУХ: Дар қонунгузории гражданӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона тавассути имконияти пешниҳоди даъвои шаҳрвандӣ...

26.11.2025 - 12:10

  Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас", узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 21-уми ноябр оид ба озодӣ аз шиканҷа ва тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ чорабинии иттилоотӣ баргузор намуд. Мулоқот дар шакли омехта (оффлайн ва онлайн) баргузор гардида, дар он тақрибан бист нафар - ҳимоятгарони ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва фаъолон иштирок карданд....

25.11.2025 - 12:10

Страницы