7 соли маҳрумӣ аз озодӣ барои ба худкушӣ расонидани келин

Санаи 1-уми ноябри соли 2022 Суди ноҳияи Файзобод Назирова Бибикалонро бо моддаи 109, қисми 2-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо адои ҷазо дар колонияи низоми умумӣ таъин намуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар Суди ноҳияи Файзобод аз аввалҳои моҳи октябри соли 2022 баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба марги Абдуалимзода Манора, ки ҷасади ӯро санаи 22-юми июни соли 2021 дар манзили истиқоматии иҷоравиаш воқеъ дар ноҳияи Файзобод, ҷамоати шаҳраки Файзобод дарёфт карда ва вобаста ба ин нисбати хушдоманаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буданд, идома дошт.

Дар муҳокимаҳои судӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабрдида Мисоқов Абдулфаттоҳ - падари марҳум Абдуалимзода Манораро Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зиддӣ шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ намуд.

NoTorture.Tj