Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Санаи 16-уми январи соли 2020 тарафи айбдоркунӣ ва ҳимоя дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба парвандаи кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷамъ омада буданд. Дар ин рӯз мурофиаи судӣ дар қисмати эълони ҳукм баргузор гардид. Аммо ғайричашмдошт, аз ҷониби судяи Суди Олии ҶТ Салимзода Ю. таъинот дар бораи баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ бинобар ҷой доштани камбудиҳо ва вайрон гардидани меъёрҳои мурофиавӣ дар рафти тафтишот барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, дар асоси таъиноти суд чораи пешгирӣ нисбати судшаванда Наимов Э. аз забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат ба ҳабс иваз карда шудааст.
Бояд гуфт, ки парвандаи ҷиноятӣ аз моҳи июли соли 2019 дар тафтиши судӣ дар Суди Олии ҶТ қарор дошт.
Ёдовар мешавем, ки Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович санаи 7-уми ноябри соли 2017 бо гумони ба қатл расонидани сокини шаҳри Турсунзода Каримов Д. Т. аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода дастгир гардида буд. Ёдгоров Х. иброз менамояд, ки ин гуноҳи сангинро зери таъсири шиканҷаи кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода бар уҳда гирифта, нишондоди худиқрорӣ додааст, ки гӯё Каримов Д.-ро ӯ ба қатл расонидааст.
Ӯро танҳо баъд аз дастгир кардани гунаҳкори асосӣ - Мелчинков Л. Л. санаи 15.05.2018, пас аз шаш моҳи маҳрумӣ аз озодӣ аз тафқифгоҳи тафтишотӣ озод намуданд.[1]
Вобаста ба ҳолати истифодаи шиканҷа нибати Ёдгоров Ҳ., аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ нисбати Азизов Ш. бо дастрасии моддаи 316, 143, иловаи 1 КҶ ҶТ, нисбати Давлатмуродзода С. ва Нимов Э. бо дастрасии моддаи 143, иловаи 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар асоси қарори Прокуратури генералии ҶТ аз 17.10.2018 Ёдгоров Ҳ. ва модари ӯ Нарзиқулова Шарофат ҳамчун ҷабрдида эътироф карда шудаанд.
Суд таъиноти худро аз 16.01.2020 дар асоси ҳолатҳои зерин қабул намудааст, аз он ҷумла:
Судшавандаҳо иброз намудаанд, ки ҳамаи амалҳои ғайриқонунии онҳо вобаста ба ошкор намудани куштори Каримов Д. бо дастуру супоришҳои роҳбарияти РКҶ ВКД ҶТ, ШВКД ва Прокуратураи шаҳри Турсунзода ба амал омадааст, аммо вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишот ягон маротиба санҷиш оид ба ҳамбастагии амалҳои судшавандагон бо роҳбарияти онҳо гузаронида нашудааст.
Барои сохтакорона ба вуҷуд овардани 10 шабонарӯзи ҳабси маъмурии Ёдгоров судяи Суди шаҳри Турсунзода Раҷабзода С. ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Мақомоти тафтишотӣ қисми маводҳои парвандаи ҷиноятиро бе асос ба пешбурди алоҳида ҷудо намудааст.
Суд шиканҷа шудани Ёдгоровро чандон ба ҳақиқат наздик намешуморад, чунки то ошкор шудани гунаҳкори асосӣ ӯ оид ба шиканҷа шуданаш ба ягон мақомот муроҷиат накардааст.
Шахсияти баъзе кормандоне, ки Ёдгоровро дар ШВКД-и шаҳри Турсунзода латукӯб кардаанд, муайян карда нашудааст.
Тарафи айбдоркунӣ, яъне ҷабрдидаҳо қатъиян бо таъиноти қабулшуда розӣ набуда, чунин мешуморанд, ки парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Салимзода Ю. яктарафа ва танҳо бо дастгирии манфиатҳои судшавандагон сурат гирифта, он ҳолатҳое, ки барои қабул кардани қарори дурусти қонунӣ асос шуда метавонанд, умуман аз тарафи суд мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд.
Айбдоркунандаи давлатӣ низ аз болои таъиноти қабулшуда эътироз оварда, талаб намуд, ки ба ҳамаи нишондодҳои судшавандаҳо, шоҳидон ва дигар асосҳои раднашаванда, ки дар рафти баррасии шикояти хусусӣ ошкор шуданд, таъиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Давлатмуродзода Саъдӣ бо моддаи 143, иловаи 1, қисми 3, нисбати Азизов Шералӣ Маҳмадюсуфович бо моддаи 316, қисми 3, моддаи 323, моддаи 143, иловаи 1, қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Наимов Эраҷ бо моддаи 143, иловаи 1, қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии нави судӣ ирсол карда шавад.