Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори маркази таълимии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ дар масъалаи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа ва кафолатҳои асосии ҳуқуқҳои боздоштшудагону маҳкумгардидагон рӯзҳои 5-6-уми октябр дар мавзеи «Сароб» тренинги дурӯза гузаронида шуд.
Дар тренинг 25 нафар адвокат аз шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Хусусияти фарқкунандаи ин тренинг дар он буд, ки тренерҳо худи адвокатҳои амалкунанда буданд.
Адвокатҳо стратегия ва услҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро дар мисоли парвандаҳои мушаххас таҳлил намуданд, парвандаҳои «муваффақ»-ро аз нуқтаи назари самаранокии кори адвокат дар мавриди вокуниш ба аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои гуногуни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ баррасӣ карданд.
«Тоҷикистон ягона давлате нест, ки шиканҷа истифода мешавад. Имрӯзҳо як қатор давлатҳое низ, ки аз нуқтаи назари институтҳои демократӣ рушдёфта ба ҳисоб мераванд, мавҷудияти шиканҷаро эътироф мекунанд. Дар ҳоле, ки нақши адвокатро дар кам кардани шиканҷа дар марҳилаҳои судии ҷиноятӣ дар кишвари мо баҳогузорӣ намудан мушкил аст. Дастгирии институтҳои шаҳрвандӣ хеле муҳим аст ва барои мубориза бо шиканҷа адвокатҳо бояд дар сафи пеш бошанд»,- зикр намуд дар анҷоми тренинг раиси Иттифоқи адвокатҳои ҶТ Саидбек Нуриддин.
Ин ташаббус аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳои ҶТ роҳандозӣ гардида, дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, дастгирӣ ёфтааст.