Афв нисбати як нафар ҷавобгари шиканҷаи Ёдгоров татбиқ гардид

Тибқи Қонун «Дар бораи афв», ки имсол ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 6-уми сентябр қабул гардидаву баъдан аз ҷониби Президегти кишвар имзо шуд, афв набояд нисбати гунаҳгорон дар истифодаи шиканҷа татбиқ мегардид.

«Афв нисбати маҳбусоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, одамрабоӣ, савдои одамон, таҷовуз, шиканҷа, ҷиноятҳои алоқаманд бо фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ адои ҷазо мекунанд, татбиқ карда намешавад»,- зикр гардида буд дар парлумон.

Гуфта мешуд, ки дар назар аст мутобиқи қонуни нави афв 16 ҳазор нафар афв гардида, ҳудуди 11 ҳазор нафари онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва идомаи адои ҷазо озод карда мешаванд. Тавре зикр гардида буд, дар ин маврид ба занҳо, ноболиғон, нафарони аз 55-сола боло, маъюбон, беморони вазнин, нафарони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва нафарони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои низомӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, шахсони дорои имтиёз дар натиҷаи садамаи Чернобил ва инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ бартарият дода мешавад.

Аммо, тавре роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова хабар медиҳад, «нисбати яке аз нафароне, ки барои содир намудани ҷиноят дар намуди шиканҷа (бо моддаи 143, эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ) аз рӯи парвандаи Ёдгоров Ҳ. ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд, Қонуни афв, ки соли 2021 қабул шудааст, татбиқ гардид».

Ёдовар мешавем, ки 7-уми ноябри соли 2017 сокини шаҳри Турсунзода Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович бо гумони даст доштан дар куштори шаҳрванд Каримов Дмитрий аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Турсунзода боздошт гардид.

8-уми ноябри соли 2017 ҳамсари Ҳасан - Тоҷинисоро ба ШВКД даъват карда, хабар медиҳанд, ки шавҳараш Ёдгоров Ҳасан дар куштори Каримов Дмитрий, ки 1-уми июни соли 2017 рух додааст, гунаҳгор дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, нисбаташ фишори ҷисмониву равонӣ истифода шудааст, то иқрор шавад, ки ҳангоми куштор шавҳараш дар хона набуд.

Ҳамин тавр, бо гузашти як моҳ аз боздошт, дар телевизион аз ҷониби ВКД ҶТ сюжети омодагардида намоиш дода шуд, ки гуфта мешуд, куштори Каримов Дмитрий ошкор шудааст. Дар навор Ҳасан Ёдгоров шахсан дар бораи он нақл мекард, ки Каримовро чанд маротиба бо корд задааст. Ба тасдиқи муаллифон, Ҳасан Ёдгоров ҳангоми пурсиш ба ҳама чиз самимона иқрор шудааст ва гӯё баъди куштор ашёҳои шахсии кушташударо дуздидааст.

Пас аз муроҷиатҳои зиёди наздикони Ҳасан Ёдгоров ва ҳимоятчиёни ӯ ба мақомоти болоӣ парвандаи ҷиноятӣ барои омӯзиш ба Прокуратураи генералии ҶТ супорида шуд. Ҳасан Ёдгоровро баъди он озод карданд, ки қотили воқеии Дмитрий Каримови 42-сола боздошт шуд ва дар хонаи қотил далелҳои раднашаванда ёфт гардид.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки «19-уми июни соли 2018 шаҳрванд Малченков Леонид Леонидович тибқи маслиҳати пешакӣ бо Жураев Ф. О. ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Каримов Д. Т. воқеъ дар шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 2, бинои 143, ҳуҷраи 43 гардида, аз он ҷо пинҳонӣ маблағи 3000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Сипас, Малченков А. Л. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, 6-уми ноябри соли 2018 тахминан соати 16:00 бо мақсади одамкушӣ ва тасарруф намудани амволи ғайр, такроран вориди манзили истиқоматии дар боло зикргашта гардида, минбаъд бо корди шикории бо худ доштааш 5 маротиба ба узвҳои бадани Каримов Д. А. зада, охиронро ба қатл расонида, молу амволашро, ки 5490 сомониро ташкил додааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Вобаста ба ин ҳолат нисбати Малченков А. Л. бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои "б, в, г", 104 қисми 2 бандҳои "и, л" ва 249 қисми 4 банди "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо ҳукми суд номбурда бо ин моддаҳо гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 21 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шудааст».

NoTorture.Tj