Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Дилшодбек Муродов

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

4. Дилшодбек Муродов

Дилшодбек Гулмирзоевич Муродов, ки ба муҳлати 6 моҳ ҳабс шуда буд, дар колонияи ислоҳотии №3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазо мекард. Моҳи августи соли 2009 Д. Муродов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, дар ҳолати беҳушӣ ба қисми тиббии колонияи номбурда расонида шуд, ки ба ҳуш наомада, дар онҷо вафот кард.  

9-уми августи соли 2009 Луъбат Бурҳонова хабар дод, ки писараш Дилшодбек Муродов дар маҳбас бо сабаби камбуди қалбӣ вафот кардааст. Ба ў ҷасади писарашро барои гўрондан дода буданд. Ў кафанро кушода, дид, ки писараш бераҳмона латукўб шудааст.

Аз болои ин қазия Прокуратураи генералӣ бо қисми 3-и моддаи 110-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ барои набудани таркиби ҷиноят 4 маротиба қатъ гардид ва баъди шикоятҳои чандинкарата аз сари нав оғоз шуд, аммо бо сабаби муайян нагардидани шахси гунаҳгор боздошта шуд. 

NoTorture.Tj