Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» оғоз намуд.
Аз 1-уми сентябри соли 2020 Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф дар доираи лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» ба ҳуҷҷатгузории далелҳои истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ва мониторинги мурофиаҳои судӣ машғул хоҳад шуд.
Кумаки ҳуқуқии расонидашуда дар ВАО инъикос гардида, аз рӯи шикоятҳо вобаста ба шиканҷа тадқиқотҳои журналистӣ гузаронида мешаванд, ки дар оянда барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи намояндагони мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба нақзи ҳуқуқи инсон, истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат менамояд.
Ҳамоҳангсози лоиҳа Гулчеҳра Холматова (роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф, директори иҷроияи ТҶ «Дунёи ҳуқуқ») зикр намуд, ки Эътилоф ба масоили расонидани кумакҳои инфиродии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо аҳамияти бештар медиҳад. Маҳз дар заминаи ҳамин шарт, яке аз аввалин гуруҳҳое, ки соли 2011 дар назди Эътилоф ташкил карда шуд, Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) ба шумор меравад.
Лоиҳа бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ карда мешавад.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед ба Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Телефонҳои боварии Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ:
987873333 дар вилояти Суғд
987876666 дар вилояти Хатлон
987087676 дар шаҳри Душанбе ва НТМ
E-mail: notorture.tj@gmail.com