Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Айбдоркунандаи давлатӣ хост, ки Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ аз 277 ҳазор сомонӣ талаби ҷуброни Шаҳбол Мирзоев, сарбози собиқ ва маъюбшудаи нерӯҳои марзбонӣ, қисмеашро пардохт намояд.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев -- сарбози собиқ ва маъюбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз даъвои оилаи ӯ барои рӯёндани 277 ҳазор сомонӣҷуброни зарари моддию маънавӣ аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ ҳимоят кард.
Ҷаноби Шарифзода 25 май, ҳангоми суханронияш дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе гуфт, "даъвои волидони Шаҳбол ва вакилони мудофеаш омӯхта шуд. Аз додрас мехоҳем, ҳамин ҷуброни зарари моддию маънавӣ қисман пардохта шавад." Ин намояндаи додситонӣ дар идома гуфт, ки қисми зиёди табобати Шаҳбол Мирзоев дар Русия аз ҳисоби волидонаш сурат гирифтааст.
Аммо сарҳанг Давлат Сафаров, намояндаи Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ гуфт, "чунин талаби ҷуброни зарари моддию маънавӣ беасос аст ва бояд қатъ гардад." Сафаров афзуд, нерӯҳои марзбонӣ дар вақташ ҳамаи кумакҳои заруриро барои табобат ва барқарор намудани саломати Шаҳбол Мирзоев кардааст ва ҳоло чунин даъво поя надорад. Баръакс, ба қавли ӯ барои расондани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол Мирзоев кӯҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 Гулрухсор Ширинова айбдоранд ва бояд ҷубронро онҳо пардохт намоянд.
Шаҳбол Мирзоев, сарбози собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ мехоҳад, барои маъюб кардани ӯ 277 ҳазор сомонӣ - 180 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ - бипардозад. Шаҳбол дар аризаи даъвогии худ мегӯяд, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон натавонистааст, иҷрои оинномаи ҳарбӣ дар воҳиди низомиашро таъмин кунад.
Гардани Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт, баъди бадрафтории як ҳамхидматаш бо ӯ дар моҳи марти соли 2014, сахт осеб дид ва ӯ то ҳол бемори бистарист ва мустақилона роҳ рафта наметавонад.