Аз 7 то 9 соли ҳабс барои видеоҳои шиканҷа

Аз 7 то 9 соли ҳабс барои видеоҳои шиканҷа

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд маҳбусон Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро бо иттиҳоми пахши ахбори бардурӯғ ва таҳрикомез мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард.

Субҳи 18-уми октябр додгоҳи Хуҷанд ҳукми Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро қироат кард, ки бино бар он Тошев ва Ризоев ба паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон муттаҳам шуда, аввалӣ ба 7 ва дувумӣ ба 9 соли ҳабс маҳкум шудаанд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ, корманди додситонии вилояти Суғд Иброҳим Саидов дар мурофиаи рӯзи 9-уми октябр аз додгоҳ хост, то Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ба паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон ва талош барои номураттаб кардани фаъолияти маҳбас гунаҳкор дониста, онҳоро ба мӯҳлати 8 ва 10 соли зиндон маҳкум кунанд.

Падари Садриддин Тошев, ки дар мурофиаи имрӯза ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳукм дар нисбати фарзанди вай ноодилона аст ва ҳамроҳи вакили дифоъ ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд. Садриддин Тошев, собиқ фармондеҳи мухолифин бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бино бар қонуни авф муҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми Додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 соли ӯ боқӣ монда буд. Акнун бар иловаи ҳукми додгоҳи Хуҷанд Тошев боз 10 солу 5 моҳи умри худро дар паси панҷара хоҳад гузаронд. Маҳдмурод Одинаев - падари Сунатулло Ризоев мегӯяд, ки то поёни муҳлати ҷазои писараш каме бештар аз 2 сол боқӣ монда буд. Қаблан Сунатулло Ризоев бо қарори Додгоҳи олӣ бо иттиҳоми авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум карда буд, акнун бо иловаи 9 соли ҳукми нав зиёда аз 11 соли дигар дар зиндон хоҳад монд.

Ҳамкори мо Фарҳоди Милод дар Хуҷанд аз наздик ҷараёни ин мурофиаро пайгирӣ мекард. Вай мегӯяд, додгоҳи шаҳри Хуҷанд тақрибан соати 14 баъд аз зуҳр ниҳоят ҳукми Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоевро эълон кард. Онҳоро барои паҳн кардани наворҳо дар бораи шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон аз рӯи моддаи 332 ва 346-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам карданд. Тошев 7 сол ва Ризоев 9 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Моддаи 332 ба паҳн кардани иттилоъи нодуруст ва моддаи 346 ба ноором сохтани вазъ дар муассисаҳои ислоҳӣ иртибот дорад.

Суол: Ин ду нафар дар гузашта низ маҳкум ва барои мӯҳлатҳое зиндонӣ шуда буданд. Магар чунин нест?

Фарҳоди Милод: Бале, вакилони мудофеи онҳо мегӯянд, азбаски нафарони зери ҳимояти онҳо қаблан ҳам зиндонӣ буданд, яъне Садриддин Тошев бояд 4 соли дигарро дар зиндон сипарӣ мекард ва Сунатулло Ризоев 2 соли дигарро. Акнун бо ин ҳукмҳое, ки онҳо гирифтанд, ҳар ду 11 солӣ дар зиндон хоҳанд буд.

Суол: Мурофиаи додгоҳии онҳо дар чӣ шароите анҷом гирифт?

Фарҳоди Милод: Соати 10 пеш аз нисфирӯзӣ бояд ин ҳукмро эълон мекарданд. Вақте ки хабарнигорон дар назди бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ҷамъ омаданд, онҳо натавонистанд ба толори мурофиа ворид шаванд. Аммо мо бо чашмони худ дидем, ки кормандони худи муассисаи ислоҳӣ хабарнигорони шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистонро ба бинои боздоштгоҳи муваққатӣ оварданд ва вақте ки мурофиа шуруъ шуд, онҳо тавонистанд, ки мурофиаи тақрибан чаҳорсоатаро сабт кунанд ва ин мурофиаро барои пахш омода кунанд. Ба қавли вакилони мудофеъ, ҳадаф аз наворбардорӣ ва инъикоси он дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ ин будааст, ки онҳо ба мардуми Тоҷикистон бигӯянд, ки дар зиндонҳои ин кишвар шиканҷа вуҷуд надорад. Вакилони мудофеъ ба ҳамон моддаи 332, яъне ноором сохтани вазъ дар муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ розӣ нестанд, зеро ин модда он гуна, ки тафсир мешавад, агар ба зиндон ҳамла сурат бигирад ё дар дохили зиндон як ё чанд нафар шӯриш ташкил кунанд, он гоҳ мешавад ин моддаро истифода кард. Лекин Тошев ва Ризоев танҳо наворҳоро ба намоиш гузоштаанд ва тақаллубӣ будани ин наворҳоро ягон муфаттиш ва ё ягон ниҳоди масъул натавонист собит созад. Барои ҳамин вакилон ба чунин хулоса расиданд, ки бар зидди ин парванда ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят баранд. Вакилон гуфтанд, ки дар давоми 10 рӯзи дигар ин корро хоҳанд кард.

Суол: Мешавад гуфт, ки наворҳои онҳо воқеият дорад?

Фарҳоди Милод: Аз нигоҳи вакилони мудофеъ ин наворҳо воқеият дорад, вале аз нигоҳи мақомоти расмӣ ин наворҳо сохтакорӣ аст. Онҳо мегӯянд, ки маҳбусон худро лату кӯб карда, дар баданҳои худ ин гуна захмҳоро гузоштаанд ва онҳоро ба навор гирифтаанд.

Суол: Тошев ва Ризоев дар сухани ниҳоии худ ин иттиҳомотро эътироф кардаанд?

Фарҳоди Милод: Мо аз вакили мудофеъ маълумот гирифтем. Маҳкумшудагон аслан ин иттиҳомотро қабул надоранд. Дар мурофиа Маҳмурод Одинаев - падари Сунатулло Ризоев ширкат надошт ва ба ин хотир наметавон пешгӯӣ кард, ки ҷониби ҳимоят чӣ тасмимҳои дигар хоҳад гирифт.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, мурофиаи кунунии Тошев ва Ризоев интиқоми мақомот барои фош кардани ҳодисаи марги Ҳамза Икромзодадар моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони шаҳри Душанбест, ки наздиконаш мегӯянд, бар асари шиканҷа ҷон додааст.

Дар посух ба ин мақомот гуфтанд, Икромзода худкушӣ кардааст. Вале баъди ин ҳодиса, шоҳидони латукӯби Икромзода ба таври дастаҷамъона ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтанд ва дар ин ҷо мавриди латукӯби шадиди зиндонбонҳо қарор гирифтанд. Наворҳои видеоии паҳнкардаи онҳо ба матбуот роҳ ёфт ва Тошеву Ризоев дар паҳн кардани ин наворҳо муттаҳам дониста шуданд.

Яке аз намунаҳои ин наворро Радиои Озодӣ нашр карда буд, ки дар он маҳбусон мегуфтанд, омодаанд, номи ҳамаи омилони шиканҷаро ба Додситонии кулли Тоҷикистон маълум намоянд:

Дар моҳи феврал алайҳи ин ду маҳбуси зиндони Хуҷанд бо иттиҳоми "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" парванда боз шуд. Ин парванда вақте боз шуд, ки як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2012 ба расонаҳо дастрас шуда, сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Наздикони Ризоев ва Тошев мегӯянд, ки шоҳидони марги Икромзодаро махсус ба зиндони Хуҷанд таҳвил доданд, то ҳақиқати ҳалокати ӯ рӯи об набарояд. Онҳо мегӯянд, ки маҳбусони таҳвилшуда дар Хуҷанд таҳти шиканҷа қарор доранд. Суннатулло Ризоев, бино ба хабарҳо, дар сари синааш бо корд исми як масъули зиндони Хуҷандро "ҳаккокӣ" кардааст, ки дар сурати марги мармузи ӯ ин масъулро ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Падари Ризоев Маҳмурод Одинаев ҳатто қасд дошт, ки бо талаби хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон аз ноҳияи Ҳисор то Душанбе як раҳпаймоӣ низ ташкил кунад.

Ozodi