Article Pages

Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.          

24.06.2024 - 10:55

Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.              

23.06.2024 - 10:48

20-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати телевизион ва радиои «АЗИЯ» мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» доир гардид. Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа!», ки бо дастгирии молиявии «Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи...

22.06.2024 - 14:46

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.                

22.06.2024 - 10:37

20-уми июни соли 2024 дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе вохӯрии омӯзишгарони системаи ҷамъоварии маълумот оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 20 нафар иштирок доштанд, дар шакли омехта - офлайн ва онлайн дар платформаи Zoom баргузор шуд. Ҳадафи вохӯрӣ муайян кардани меъёрҳои интихоби платформаи ҷамъоварии маълумот буд. Вазифаҳои зерин гузошта шуданд...

21.06.2024 - 10:09

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад (22 майи соли 2016). Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии...

21.06.2024 - 09:55

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.      

20.06.2024 - 10:48

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад (22 майи соли 2016). Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.      

19.06.2024 - 13:38

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.        

18.06.2024 - 13:23

Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиени хукукии Чумхурии Точикистон» бо иштироки намояндагони тамоми субъектҳои хифзи хукуки инсон дар вилояти Сугд ба наворбардории ток-шоу дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» омодагиро огоз намуд. Наворбардории ток-шоу рӯзи 20 июн соати 11:00, аз ҷониби ТРК «АЗИЯ» сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯби лоиҳаи...

17.06.2024 - 22:10

Страницы