Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз силсилаи маълумотҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела, ки ҳамасола 18 июл таҷлил мегардад, оғоз мешавад.
Нелсон Мандела арбоби давлатӣ ва сиёсатмадори Африқои Ҷанубӣ буд. Яке аз фаъолони машҳури мубориза барои ҳуқуқи инсон дар давраи апартеид, ки барои он 27 сол зиндонӣ шуд.
Моҳи ноябри соли 2009 Ассамблеяи Генерали СММ 18 июлро Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела эълон кард, ки ба саҳми раисиҷумҳури собиқи Африқои Ҷанубӣ барои сулҳ ва озодӣ эҳтиром гузоштанд. Дар резолюция ҳиссаи вай ба муборизаи байналхалқӣ барои демократия ва мусоидат намудан ба пойдор гардондани сулҳ дар тамоми ҷаҳон эътироф карда мешавад.
Маъракаи иттилоотӣ дар доираи лоиҳаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- «Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми ҷазо», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад European Union in Tajikistan
- «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон бо назардошти ҷанбаҳои ҳассосияти гендерӣ: тадқиқот, муколама ва тарғибот», ки аз ҷониби Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад Embassy of Canada to Kazakhstan, Kyrgyz Republic and Tajikistan
Сарчашма: un.org