Ба ҳабс гирифтан ва дигар чораҳои қонунӣ

1. Пас аз баррасии маълумоти дар ихтиёраш буда давлат боварӣ ҳосил кунад, ки вазъият онро талаб мекунад, ҳар як Давлати узв, ки дар қаламрави он шахси дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида гумонбаршуда қарор дорад, ӯро ба даст мегирад ё дигар тадбирҳои ҳуқуқие меандешад, ки ҳозир будани ӯро таъмин кунанд. Ба ҳабс гирифтан ва дигар чораҳои шабеҳ мутобиқи қонунгузории ин давлат анҷом дода мешаванд, вале метавонанд танҳо дар доираи вақте ки барои андешидани амалҳои ҷиноӣ- мурофиавӣ ё амалҳои супурдан зарур аст, анҷом пазиранд.

2. Чунин Давлат фавран тафтиши пешакии далелҳоро доир мекунад.

3. Ба ҳама гуна шахси ҳабсшуда дар асоси банди 1 ин модда дар фавран барқарор намудани робита бо наздиктарин намояндаи дахлдори давлате, ки ӯ шаҳрвандӣ он мебошад ё агар ӯ шахси бешаҳрвандӣ бошад, бо намояндаи ҳамон давлате, ки ӯ одатан дар он истиқомат мекунад, кӯмак расонда мешавад.

4. Ҳангоме ки давлат мутобиқи ин модда ягон шахсро ҳабс мекунад, он фавран давлатҳоеро, ки дар банди 1 моддаи 5 зикр гардидаанд, дар бораи дар ҳабс будани чунин шахс ва ҳолатҳое, ки барои боздоштани ӯ асос шудаанд, огоҳ менамояд. Давлате, ки тафтишоти пешакии дар банди 2 ин модда зикргардидаро анҷом медиҳад, давлатҳои дар боло зикргардидаро аз маълумотҳои гирифтааш фавран огоҳ месозад ва нишон медиҳад, ки оё он мақсад дорад доираи ҳуқуқии худро амалӣ намояд.

Моддаи 6-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj