Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
Бо мақсади таъмини дуруст ва якхелаи татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳо ва дахлнопазирии шахс, шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро таъмин менамоянд, инчунин ба тариқи дахлдор иҷро намудани ўҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (минбаъд Конвенсия) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, бармеоянд, дар асоси моддаи 27-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;-
Қ а р о р к а р д:
1. Диққати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд, судяҳо ба он ҷалб карда шавад, ки мувофиқи қисми 3-и моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад.
2. Бояд дар назар дошт, ки масъалаи мубориза бар зидди шиканҷа, дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ба ғайр аз меъёрҳои дахлдори Конститутсия (Сарқонун), Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КҶ), Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМҶ), Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КГ) боз бо санадҳои зерини ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд ба танзим дароварда шудаанд :
а) Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948);
б) Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966);
в) Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (соли 1984).