Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд маҳдудият ё ҷазои интизомие, ки ба шиканҷа баробар аст, татбиқ карда шавад

Ба шумо мунтахаби Стандартҳои ҳадди ақал оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела пешкаш менамоем, ки ҳамасола 18-уми июл ҷашн гирифта мешавад.

Стандартҳои ҳадди ақали мазкур бояд барои мусоидат ба таъмини шароитҳои инсондӯстонаи маҳбасҳо, баланд бардоштани маълумотнокӣ дар мавриди он, ки маҳбусон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва эътирофи арзиши кори кормандони маҳбас ҳамчун хидмати иҷтимоии дорои аҳамияти махсус ба эътибор гирифта шаванд (17-уми декабри соли 2015 бо Қатъномаи 70/175-и Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст).

«Қоидаи 43

1. Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд маҳдудиятҳо ё ҷазоҳои интизомие, ки бо шиканҷа ё дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф баробаранд, татбиқ карда шаванд. Аз ҷумла, амалҳои зерин бояд манъ карда шаванд:

а) ҳабси якнафара ба муҳлати номуайян;

b) ҳабси якнафараи тӯлонӣ;

с) дар камераи бе рӯшноӣ ё дар камераи доимӣ фурӯзон ҷойгир кардани маҳбус;

d) ҷазои ҷисмонӣ ё кам кардани ғизо ё оби нӯшокии маҳбус;

е) ҷазои коллективӣ.

2. Маҳдудиятҳо ҳеҷ гоҳ набояд ҳамчун ҷазо барои вайрон кардани интизом истифода шаванд.

3. Чораҳои интизомӣ ё маҳдудкунанда набояд манъи робитаи оилавиро дар бар гиранд. Маҳдудиятҳо барои тамос бо оила танҳо дар як муддати кӯтоҳ ва танҳо дар ҳолати зарурӣ барои таъмини амният ва тартибот ҷорӣ карда мешаванд».

Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела)

NotortureTj