Ба кормандони муассисаҳои ислоҳӣ тарзи кор бо маҳбусони якумра омӯзонида мешавад

Ба кормандони муассисаҳои ислоҳӣ тарзи кор бо маҳбусони якумра омӯзонида мешавад

Давраи омӯзишӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Истифодаи ҳабси якумра ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон» рӯзҳои 16-17 сентябр дар Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) гузаронида мешавад.

Чорабинии мазкурро намояндагии Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати рушди байнулмилалии Бритониёи Кабир доир мекунад.

Чӣ тавре ки ба NoTorture.Tj дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории тренинг такмили дониши кормандони муассисаҳои ислоҳӣ оид ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар мавриди шахсоне мебошад, ки ба ҳукми қатл ё ҳабси якумра/тӯлонӣ маҳкум карда шудаанд. Дар ин чорабинӣ кормандони СРИҶҶ ВА ҶТ, ҳамчунин мутахассисон аз Бритониёи Кабир ва Украина ширкат меварзанд.

«Мутаассифона, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ ва макотиби олии махсусгардонидашудаи кишварҳои мо усули кор бо шахсонеро, ки ба муҳлати тӯлонӣ ва ё ҳабси якумра маҳкум шудаанд, намеомӯзонанд. Дар ҳоле ки кор бо ин гурӯҳи маҳкумшудагон донишҳои муайян, хусусан, донистани меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсонро тақозо мекунад. Дар шароити маҳбаси дурдаст ва нигаҳдории ҷудогонаи маҳбусон, бо назардошти хусусиятҳои ҷиноёти содиркардаи онҳо, омӯзиши доимии кормандон ягона роҳест, ки таъмини ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва фаъолияти дурусти маҳбасро кафолат дода метавонад», - иброз дошт Cарвари минтақавии PRI Сауле Мектепбаева.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар дар ҳабси якумра адои ҷазо мекунанд. Шахсе, ки бо қарори суд ба ҳабси якумра маҳкум гардидааст, мутаассифона, шартан пеш аз муҳлат озод шуда наметавонад. Ҷазои ҳабси якумра бе умеди озодшавӣ дар асл як шакли ҳукми қатл мебошад. Афзоиши теъдоди шахсоне, ки ба муддати тӯлонӣ ё ҳабси якумра маҳкум шудаанд, ба низоми маҳбасҳо таъсир мерасонад. Шартан пеш аз муҳлат озод кардани маҳкумшудагон ҳамчун ангеза ва унсури муҳим барои онҳо истифода намешавад, ки сатҳи бехатарии маҳбасро коҳиш дода, фаъолияти роҳбарон ва кормандони онро душвортар мекунад. Ин яке аз сабабҳои асосии беш аз меъёр афзудани теъдоди маҳбусон дар ҳабсхонаҳо мебошад, ки мушкили ҷиддии системаҳои муассисоти ислоҳӣ дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад.

Мақсади лоиҳаи дусолаи «Манъи тадриҷии ҳукми қатл ва ворид кардани санксияҳои алтернативии башардӯстона пас аз мораторий ба ҳукми қатл ва ё пурра аз байн бурдани он» ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути манъи тариҷии ҳукми қатл ва ворид кардани санксияҳои алтернативии башардӯстона дар чаҳор минтақаи ҷаҳон мебошад. Иттиҳоди Аврупо барои амалӣ гардонидани ин лоиҳа дар Осиёи Марказӣ 161 370 евро ҷудо кардааст.

NoTorture.Tj