Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо рўзи 15-уми июн ба намоишгоҳи аксҳо бахшида ба Рўзи байналмилалии қурбониёни шиканҷа даъват менамояд.
Дар намоишгоҳи аксҳо қиссаҳои воқеии қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо, парвандаҳое, ки дар пешбурди адвокатҳои Эътилоф қарор доштанд, пешниҳод мегарданд. Тавассути аксҳо аккос кўшиш намудааст, ки андуҳу ноумедии оилаҳо, тақдирҳои барбодрафтаи онҳо ва талошҳои хастагинопазирашонро барои дарёфти адолат таҷассум созад.
Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву қаҳрамонии волидон, нафароне, ки наздикони худ - писарон, шавҳарҳо ва падаронашонро аз даст додаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз ҳама монеагиву душвориҳо, онҳо ба тантанаи адолат боварӣ доранд ва умедворанд, ки гунаҳгорон дер ё зуд ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
Ба чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО, хешовандони фавтидагон ва дигар ҷонибҳои таваҷҷуҳманд даъват карда мешаванд.
Имсол чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Душанбе Серена», дар ошёнаи якум (дар Фойе), 15-уми июни соли 2021 аз соати 10:00 то 12:00 баргузор мегардад.
Барои тасдиқи иштирокатон тариқи почтаи электронии notorturetjk@gmail.com ё тавассути рақами телефонии (+992) 900007764 муроҷиат намоед.
Чорабинӣ тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ доир гардида, ҳамаи иштирокдорон бо ниқобҳои тиббии якдафъаина ва антисептикҳо таъмин карда мешаванд.