Баъд аз тирпаронии ду сарбоз. Вазъи Илҳом вахим аст

Вазъи сарбози қатории Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки моҳи март дар пайи як тирпаронӣ бо ҳамхидматаш маҷруҳ шуд, вазнин арзёбӣ мешавад. 

Илҳом Шафоев, ки шаш моҳ ба ин сӯ дар Қисми низомии 2931, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) хидмат мекард, баъд аз зуҳри 25 марти соли равон бо захми се тир ба Беморхонаи марказии ноҳия оварда шудааст. Бино ба иттилои як манбаъ аз қисми низомии 2931-и Қушунҳои сарҳадӣ, Илҳом Шафоев ва Абдулвоҳид Қурбонов, сарбози дигар дар дидбонгоҳи сарҳадии 8-уми Яхчипуни ноҳия бо ҳам тирпаронӣ кардаанд. Қурбонов бо захми чор тир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сабабҳои сар задани ин ҳодиса номаълум аст. Табибон бо далели вазнин будани вазъи саломатии Шафоев ба кормандони мақомоти додситонӣ иҷозаи суҳбат бо ӯро ҳанӯз надодаанд. Манбаъ Шафоевро сокини ноҳияи Восеъ ва Қурбоновро сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфт, ки аз хидматаш як сол гузашта будааст. 

Озодагон