Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
(Қисми 11). Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд ва судяҳоро зарур аст, ки ҳангоми банду баст намудани ҳаракатҳои айбдоршаванда, судшаванда бо банди «а» қисми 2-и моддаи 1431 КҶ ҳамчун такроран содир намудани ҷинояти шиканҷа бояд ба инобат гиранд, ки барои ҷинояти шиканҷаи қаблан содиркардааш гунаҳгор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда нашуда, ё доғи судиаш барҳам нахўрда ё бардошта нашуда бошад.
Ҳангоми банду баст намудани ҳаракатҳои айбдоршаванда, судшаванда бо банди «б» қисми 2-и моддаи 1431 КҶ ҳамчун аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир намудани ҷинояти шиканҷа бояд талаботи қисми 2-и моддаи 39 КҶ ба инобат гирифта шавад.
Барои банду басти кирдор бо банди «в» қисми 2-и моддаи 1431 КҶ қонун ҳамчун шарти зарурӣ талаб менамояд, ки гунаҳгор бояд донад, ки ҷабрдида ҳомиладор аст, ё баръало ноболиғ аст ё дар ҳолати маъюбӣ қарор дорад ва дидаву дониста ин ҷиноятро содир кардааст. Дар бораи аниқ донистани ин ҳолат масалан, нишонаҳои берунии ҳомила, маъюб, ноболиғ будан ва дигар маълумоти мавҷуда метавонанд шаҳодат диҳанд. Шахсе, ки барои ҳомиладории ҷабрдида маълумоти аниқ надорад, бо банди «в» қисми 2-и моддаи 1431 КҶ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Давомнокии ҳомиладорӣ ба банду басти кирдори содиргардида, дар чунин шакл аҳамият надорад. Зери мафҳуми шахси ноболиғ шахси ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида фаҳмида мешавад. Зери мафҳуми маъюб шахсони маъюби гурўҳҳои гуногун, беморон, шахсони гирифтори касалиҳои рўҳӣ ва дигар шахсоне, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доранд, ба ҳисоб мераванд.
Бо банди «г» қисми 2-и моддаи 1431 КҶ бояд шиканҷае банду баст карда шавад, ки бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад. Дар ин маврид ҳаракатҳои гунаҳгор банду басти иловагиро бо моддаҳое, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии шахс вобастаанд, талаб намекунад.
Барои банду басти кирдор бо банди «а» қисми 3-и моддаи 1431 КҶ истифодаи шиканҷае банду баст карда мешавад, ки бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошад. Дар чунин ҳолат ҳаракатҳои гунаҳгор банду басти иловагиро бо моддаҳое, ки барои расонидани зарари вазнин ба саломатии шахс вобастаанд, талаб намекунад.
Дар ҳолате, ки агар дар рафти истифодаи шиканҷа аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд, кирдори содиршуда бояд бо банди «б» қисми 3-и моддаи 1431 КҶ банду баст карда шавад.