Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
16-уми сентябри соли 2014 дар ш. Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» баргузор мешавад.
Созмондиҳандагони конфронс Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) ва Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошанд.
Бино ба натоиҷи мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, PRI ва Маркази ҳуқуқи кӯдак гузаронидаанд, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҳалталаб аст. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ гардида, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон роҳ дода нашавад.
Дар ҷараёни конфронс коршиносон аз Норвегия, Бритониёи Кабир, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳидаҳои худро оид ба вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона иброз дошта, ҳамчунин дар мавриди беҳбуд ва такмили низоми танбеҳҳои интизомӣ нисбат ба кӯдакон тавсияҳо пешниҳод мекунанд.
Дар доираи лоиҳа меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ ворид гардида, ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмаки ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад, ҳамчунин барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона роҳандозӣ шуда, барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд, таҳия мегардад.
Маълумот: Имрӯз дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд, дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи занона, Мактаби махсуси ҷумҳуриявии №1 барои кӯдакони рафторашон ғайримаъмулӣ, инчунин Литсеи ҷумҳуриявии касбию техникии №1 нигаҳдорӣ мешаванд.
Макони баргузории конфронс: ш. Душанбе, меҳмонхонаи «Серена», хиёбони Рӯдакӣ 14, толори «Миллат».
Лутфан, барои маълумоти иловагӣ ба Ҷалолов Тоҷиддин, Сарвари иҷроияи ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдак» муроҷиат кунед: Тел.: +992 444 93 12 ё имайл: t.jalolov.crc@gmail.com