Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Бо мақсади татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ба тасвиб расидааст.
Дар асоси он нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, ба шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои иҷро ирсол карда шудааст.
Иҷрокунандагони чорабиниҳои Барнома суди вилояти Хатлон, Прокуратураи вилоят, Раёсати Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати адлияи вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Раёсати тандурустии вилоят, Раёсати фарҳанги вилоят, Раёсати ҷавонон ва варзиш, Раёсати телевизион ва радиои вилоят, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шуъба оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбанд.
Ҷиҳати татбиқ намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111, “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” дар вилоят Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ таъсис дода шуда, “Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023” таҳия ва қабул гардидааст. Шӯрои мазкурро муовини раиси вилояти Хатлон роҳбарӣ мекунад. Ҷаласаҳои ин Шӯро соле на кам аз чаҳор маротиба баргузор карда мешавад.
Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иборат аз 19 нафар аъзо: аз суди вилоят, прокуратураи вилоят, корҳои дохилӣ, раёсатҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак, рӯзномаи “Хатлон” ва ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор буда, ҳар сол на кам аз чор маротиба ҷаласаи Шӯро барпо мегардад. Чунин Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят низ таъсис дода шудааст.
Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад, ки дар ин раванд дар вилоят ҳар сол 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, то ин муддат ин маблағҳо дастрас гардиданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ин муқаррарот дар ин давра матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха ба сифати маводи иттилоотӣ рӯи чоп омада, ба аҳолӣ дастрас гардид.
Тӯли давраи амалишавии Барнома контент-таҳлили воситаҳои ахбори вилоятӣ гузаронида шуда, инъикоси масъалаҳо вобаста ба мавзӯи баррасишаванда дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда буданд. Дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” тайи 5 соли охир доир ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила силсилаи мақолаву гузориш ва хабарҳо ба чоп расонида шудааст. Дар ин муддат беш аз 100 мавод дар рӯзномаи Хатлон, дар рӯзномаи «Новый Хатлон» бештар аз 50 мавод, дар рӯзномаи “Дӯстлик” 40, дар маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии “Меҳровар” 50 мавод, маҷаллаи “Сафо” 40 мавод рӯйи чоп омадааст.
Инчунин, аз ҷониби телевизиони вилоят ва намояндагиҳои телевизионҳои ҷумҳурӣ дар вилоят роликҳои аниматсионӣ, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ ва намоишномаҳо дар театрҳои вилоятӣ оид ба масъалаи зӯроварӣ дар оила ба намоиш гузошта шуд.
Бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳое, ки зери фишору зӯроварӣ қарор доранд, оилаҳои осебпазир, ҷалби духтарон ба мактаб, ба касбомӯзӣ, пешгирии никоҳи барвақтӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз ҳисоби занони фаъол, имомхатибон, собиқадорони меҳнат, ҳуқуқшиносон, равоншиносон, табибон ва дигар намояндагон гурӯҳҳои мақсаднок аз рӯи усули “Хона ба хона” таъсис дода шуда, то ба ин муддат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, кӯчаю корхонаҳо муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо зиёда аз 70 ҳазор оила вохӯрию суҳбат доир намуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо Марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шаҳрвандон кӯмаки амалии ройгон мерасонанд.
Дар вилояти Хатлон як қатор ташкилотҳои ҷамъиятие ҳастанд, ки дар самти пешгирии зӯроварии хонаводагӣ фаъолият доранд, аз ҷумла, ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар, дар шаҳри Кӯлоб ташкилоти ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон”, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, “Накукорон”, дар ноҳияи Ҷайҳун “Моҳи мунир”, дар ноҳияи Дӯстӣ “Дармонбахш”, дар ноҳияи Хуросон “Маърифат”, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ “Аксана”, дар ноҳияи Қубодиён “Меҳрубон” мебошанд.
Бо дастгирии лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” соли 2000-ум дар шаҳри Бохтар Маркази дастгирии занон “Ғамхорӣ” (паноҳгоҳ) таъсис ёфт.
Дар баробари пешбурди корҳо бо ҷабрдидагон соли 2018 дар вилоят таҷрибаи нахустини кор бо шахсони содиркунандаи зӯроварӣ низ оғоз гардид. Дар шаҳри Левакант ҳуҷраи машваратӣ бо зӯроварон кушода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо 55 нафар зӯроварон корбарӣ сурат гирифт, ки 47 нафари онҳо мардон буда, 8 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмини ҳадафҳои “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, инчунин банди 20-и Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022-ро зери назорати доимӣ қарор дода, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Носирҷон Маъмурзода,
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Бахтиёр Сафаров,
Сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Асалмо Сафарзода,
Сармуҳаррири нашрияи “Хатлон”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.