Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Муҳтарам рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО!
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, намояндагони ВАО ва рӯзноманигоронро аз шаҳри Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б. Ғафуров (рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, кормандони хадамоти матбуотӣ, ТВ, радио, блогерҳо ва медиа-флирансерҳо) ба семинари «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар ВАО тибқи Нақшаи миллии амал», ки рӯзи 22-юми октябри соли 2021 дар меҳмонхонаи DE-LUX (Хуҷанд) доир мегардад, даъват менамояд.
Семинар ба амалисозии таҷрибаҳои рӯзноманигорӣ оид ба инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо равона гардидааст.
Ба иштирокчиёни семинар инчунин тавсияҳо ва дастурамалҳо барои равобити самаранок оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, омодасозии матолиби рӯзноманигорӣ аз рӯйи «парвандаҳои шиканҷа», бо фаъолият бурдан ҳамроҳи адвокат ё ҳуқуқшинос пешниҳод карда мешавад.
Замон ва макон: 22-юми октябри соли 2021, шањри Хуҷанд, меҳмонхонаи DE-LUX (кӯчаи Раҳим Ҷалил 63 «а», наздикиҳои «Ягодка»).
Оғоз: 10:00.
Иштироки худро ҳатман бо зикри ному насаб, номи ВАО ва вазифа тариқи суроғаи электронии notorturetjk@gmail.com бо ишораи «Иштирок дар семинар» тасдиқ кардан лозим аст.
Пардохт барои иштирок дар семинар (харҷи ҳаррӯза, сафарпулӣ, хароҷоти роҳ ва дигар маблағҳо) амалӣ карда намешавад!