Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели лату кӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» рӯзи 2 октябр оғоз кард.
Зани ҷабрдида, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунад ва адвокати ӯ Дилшод Ҷӯраев ҳанӯз санаи 10 октябр аз болои рафтори бераҳмонаи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба прокуратураи шаҳр шикоят бурдаанд.
«Мо ба прокуратураи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда, чанде қабл аз он ҷо ба мо хабар доданд, ки ариза барои баррасӣ ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмасур ирсол гардидааст, зеро маҳз дар ҳамин ноҳия ҳодиса рух дода буд», - гуфт адвокат ва илова намуд, ки дар прокуратураи ноҳия ваъда додаанд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, зани ҷабрдида то ҳол ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат накардааст. «Агар ин зан ва адвокаташ ба мо муроҷиат мекарданд, мо ин ҳодисаро месанҷидем, ки дар он киҳо гунаҳкоранд. Мо огаҳем, ки ин парвандаро айни замон прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мекунад ва агар далели мазкур тасдиқ шавад, гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ кащида мешаванд», - гуфт ӯ
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 октябр Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз шикояти як зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе аз кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур хабар дод. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, гуфтаааст, ки маъмурини милиса зимни санҷиши шиносномаҳо дар доираи амалиёти “Нелегал” аввали моҳи равон талош кардаанд, бо зӯр вориди манзилаш шаванд.