Баррасии парвандаи шиканҷаи Ҳамза Солеҳов ниҳоӣ нашудааст

Дар Суди шаҳри Душанбе наздики се моҳ боз муҳокимаи чаҳор милисаи тоҷик идома дорад, ки ба шиканҷаи Ҳамза Солеҳов, як ҷавони 31-солаи пойтахт гумонбар дониста мешаванд. Дар курсии айбдорӣ Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Ирониддини Аҳлиддин ва Умед Ваҳҳобов, кормандони собиқи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе нишастаанд.

Қабл аз боздошташон подполковник Фарҳод Нурхонов муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, подполковник Аваз Сабзаев сардори шуъбача, капитани милиса Ирониддини Аҳлиддин ваколатдори калони оперативӣ буд ва майор Умед Ваҳобов бошад, ба ҳайси муфаттиши калон дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор мекард.

Парвандаи зидди чаҳор маъмури милиса бар асоси шикояти сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Солеҳов оғоз шудааст.

Собиқ кормандони милиса дар баробари шиканҷа, ба гирифтани пора ва сӯйистифода аз мансаб низ гумонбар дониста мешаванд. Бар зидди онҳо 17 нафар расман шикоят намуда, ҳамчун ҷабрдида дар додгоҳ нишондод додаанд.

Айни ҳол дар Суди шаҳри Душанбе судя Тоҳир Мусобекзода ин парвандаро баррасӣ дорад ва то ҳол пурсиши ҷабрдидаҳову шоҳидон ва судшавандаҳо анҷом ёфтааст.

Ҳамза Солеҳов қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "маро ба нерӯи барқ монданд, то гуноҳро ба гардан гирам". Кормандони мақомоти милитсия ӯро ба нигоҳ доштани маводи мухаддир муттаҳам мекарданд. Чизе, ки ба гуфтаи Ҳамза Солеҳов, "ҳақиқат надошт ва сохта буд".

Муфаттиши додситонӣ дар қарор чунин навиштааст: “Нисбати Солеҳов Ҳамза бо истифодаи қувваи барқ шиканҷаро раво дида, боз ба қисмати рӯй ва гӯшаш ҷароҳат расонида", аз ӯ дар бораи эътирофи иттиҳом дар баёнот имзо гирифтаанд.

Худи Ҳамза Солеҳов рӯзи 15-уми феврали имсол зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ тасвир кард, ки “маро ба нерӯи барқ монданд, то ба ҳадде, ки чашмонам аз сарам мебаромад”.

Ҳамза Солеҳов дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ чи гуна мавриди шиканҷа қарор гирифтанашро нақл кард, ки наворро аз ин суроға метавонед бубинед: https://www.ozodi.org/a/tajik-man-claims-torture/29772209.html.

Ҳамза Солеҳов аксҳоеро ба Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар он осори ҷароҳат дар гӯш ва дигар аъзои баданаш дида мешуд. "Дастонам дар пушт баста буд, дар болоям одам баромада ва ба нерӯи барқ монданд. Ҳис кардам, ки нерӯи барқ мезанад, дод задам, ба даҳонам скотч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд",- нақл кард ӯ.

Солеҳов гуфт, "ба ҳадде азоб доданд", ки розӣ шуд зери ҳар санад имзо гузорад ва имзо ҳам гузоштааст. Солеҳов мегӯяд, ки шиканҷа шуданаш ба ҳолати руҳиву ҷисмонияш таъсири бад гузошта, хостори муҷозоти афродест, ки дар шиканҷаи ӯ даст доранд.

Ҳамза Солеҳов ягона нафаре нест, ки дар бораи шиканҷа шуданаш аз сӯи кормандони милиса шикоят дорад. Аскар Мирзоев ва Бадриддин Мирзоев - сокинони шаҳри Душанбе рӯзи 8-уми август ба ҳайси ҷабрдида дар мурофиаи кормандони собиқи милиса ширкат намуда, иброз доштанд, ки маъмурони боздоштшудаи пулис онҳоро низ бо гумони истифодаи маводи мухаддир латукӯб ва шиканҷа кардаанд.

Ҷабрдидагони дигари эҳтимолии шиканҷа Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова - сокинони шаҳри Душанбе мебошанд. Онҳо ҳам иддао доранд, ки ду корманди пешини Раёсати корҳои дохилии пойтахт онҳоро шиканҷа кардаанд ва бояд ҷазои сахт гиранд. Ин ду зан гуфтанд, ки дар идораи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур аз сӯи кормандони собиқи милиса Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Ба қавли Майрам Содиқова, шиканҷаи онҳо моҳи декабри соли 2017 рух додааст, замоне, ки шавҳараш бо иттиҳоми дуздӣ таҳти пайгард буд ва милисаҳо ӯро ҷустуҷӯ мекарданд. "Ду сол пеш ба додситонӣ шикоят карда будем, то чора бинанд, вале ҳеҷ натиҷа надод",- гуфтанд шикоятгарон.

Ба қавли занон, баъд аз он, ки ду маъмури пешини милиса дастгир шуданд, қазияи онҳо низ ба парванда илова гардид.

Ҳарчанд ҷониби айбдоршавандаҳо шиканҷаро як туҳмат меноманд, ҷабрдида Майрам Содиқова мегӯяд, ки ӯро дар идораи пулис Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев зери шиканҷаи шадид қарор додаанд. Ӯ гуфт, ки ду сол қабл шавҳараш Рустам Сафаров барои дуздии маблағ зери пайгард буд ва барои пайдо намудани шавҳараш ӯро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур бурда, се шабонарӯз нигоҳ доштаанд. "Ба ман гуфтанд, ки дар болои фарш ба шикам хоб рав. Дар он ҷо чанд нафари дигар буд. Гуфтам, ки чӣ хел миёни ин қадар мард ба шикам бизанам? Гуфтанд, ки шин. Ба зону истодам. Аваз Сабзаев аз мӯйҳоям дошта, дар сарам зад. Ҳамкораш Фарҳод омад ва аз мӯйҳоям кашид. Маро зада, мепурсиданд, ки Рустам дар куҷост? Мегуфтам, ки хабар надорам. Баъдан ба сарам як кӯлоҳи мардонаро пӯшонида, ба як утоқи дигар бурданд ва маҷбур ба шикам хобонданду дасту поямро бо «скотч» ва даҳонамро бо як шими низомӣ баста, 5 дафъа аз панҷаҳои дастам барқ монданд. Тамоми баданам месӯхт, аммо онҳо шиканҷаро идома медоданд",- нақл кард зан.

Ба қавли ӯ, танҳо пас аз он, ки бародари шавҳараш Ҷонибек макони Рустамро ба кормандони пулис гуфт, онҳоро раҳо карданд.

Мастона Зайниддинова, ҷабрдидаи дигар мегӯяд, ки ҳамроҳ бо Майрам Содиқова ӯро низ шиканҷа кардаанд. «Аз ман низ мехостанд, ки ҷойи Рустамро гӯям. Чанд бор дар барқ гузоштанд. Гуфтанд, ки ту харобӣ ва як бори дигар дар барқ монем, мемурӣ, зуд қоил шав. Дар ҳақиқат, ман чизеро намедонистам".

Баъзе аз созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, ки қазияи шиканҷаи Ҳамза Солеҳовро пайгирӣ доранд, мегӯянд, гумонбарони шиканҷаи ӯ дар гузашта низ даст ба ҷиноят задаанд.

Созмони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар айбномаи Фарҳод Нурхонов, ки аз сӯи мақомоти додситонӣ тартиб дода шудааст, гуфта шудааст, ки “Фарҳод Нурхонов ҳамчун шахси мансабдор, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ бараъло берун баромада,  давоми солҳои 2010-2019 бо истифодаи ғайриқонунии силоҳи хизматӣ, бо мақсади тасарруф бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаби додани маблағҳои пулӣ бо роҳи қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ, такроран, бо маслиҳати пешакӣ бо Аваз Сабзаеву Ирониддини Аҳлиддин ва дигар кормандони милитсия, ки дар тобеияти ӯ буданд, як қатор ҷиноятҳоро содир намудааст ва кирдорҳои ба ҷамъият хавфноки Нурхонов Ф. А. ва шарикони ӯ ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ, муқобили адолати судӣ ва моликияти шахсӣ, инчунин гирифтани пора ва ғайраҳо равона гардидаанд”. Ба иттилои ин созмон, “Нурхонов аз соли 2009 то соли 2012 дар вазифаи сардори шуъбачаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур кор карда, бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур аз 15-уми сентябри соли 2016 бо моддаҳои 314, қисми 1 ва 358, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, вале хулосаи даркорӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят задааст”.

Моддаи 314, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ амали cӯйистифода аз ваколатҳои мансабиро дар назар дошта, ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ намудааст. Моддаи 358, қисми 1 бошад, амали дидаю дониста ғайриқонунӣ дастгир намудан аст ва барои ин кирдор ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ намудааст.

Ҳарчанд шикоятҳо аз шиканҷа шудан аз тарафи 4 корманди пешини Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе садо медиҳанд, вале танҳо додгоҳ маълум мекунад, ки то куҷо чунин шикояту нигарониҳо аз шиканҷа исботи худро меёбанд. Гумонбарон ба шиканҷаи Ҳамза ва дигар ҷабрдидагон дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомоти шиканҷаро ба гардан нагирифтаанд. Адвокатҳои онҳо низ таъкид намуданд, ки зерҳимояҳояшон дар шиканҷа даст надоранд. Аммо Наргис Абдураҳмонова - адвокати Ҳамза Солеҳов мегӯяд, дар мурофиаҳои додгоҳӣ далелҳоеро пешниҳод карданд, ки аз даст доштани кормандони собиқи милиса дар шиканҷа гувоҳӣ медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мурофиаҳои додгоҳӣ 17 ҷабрдида, ки расман нисбати кормандони собиқи милиса шикоят кардаанд, пурсида шудаанд. Наргис Абдураҳмонова таъкид намуд, ки 37 нафар шоҳид ба мурофиаҳои додгоҳӣ ҳозир шуда, ба таври гуногун шоҳидӣ додаанд.

Ҳам мақомоти додситонӣ ва ҳам додгоҳ мегӯянд, ки то анҷоми мурофиа ва эълони ҳукм намехоҳанд дар робита ба ин парванда суҳбат намоянд.

Дар пайи интиқод аз шиканҷа, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта ба Тоҷикистон чанд тавсия дод, то вазъро ислоҳ кунад. Пас аз пешниҳоди тавсияҳои ин созмон, вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазо барои шиканҷа намуданро сахттар карданд. Бар асоси ин тағйирот, акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Кодекси ҷиноятӣ то кунун барои ин гуноҳ аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон ҷазо муқаррар карда буд. Бар асоси тағйироти нав, афроди гунаҳгор баъди адои давраи ҷазо то 15 соли дигар аз ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳо маҳрум мешаванд.

Мақомот сахттар кардани ҷазоро қадаме барои аз байн бурдани шиканҷа медонанд. Аммо бархе аз коршиносон гуфтанд, ки фақат сахттар кардани ҷазо роҳи ҳалли масъала буда наметавонад.

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки “бо сахттар кардани ҷазо то як дараҷае шояд каме ба худ оянд, вале ин мушкилро ҳал намекунад. Гап сари он аст, ки мо бояд пеш аз ҳама ба масъалаҳое таваҷҷуҳ кунем, ки сабаби даст ба шиканҷа задан мешаванд”.

Бобоназарова гуфт, яке аз мушкилҳои асосие, ки боис ба шиканҷаи афроди гумонбар мешавад, паст будани сатҳи касбияти муфаттишон аст: “Мушкили дуввум пойбандии муфаттишон ба оқибат ва натиҷаи парвандаи зери назарашон мебошад, ки онҳоро маҷбур месозад даст ба шиканҷа зананд. Дар бисёре аз кишварҳо муфаттиш ба оқибати кор ягон дахл надорад. Фактҳои хубу бадро ёфт, ба додгоҳ пешниҳод мекунад. Он тараф ба уҳдаи додрас аст. Дар кишвари мо агар парванда нагузарад ё гумонбар бегуноҳ эълон шавад, мегӯянд, ки кори ту хом будааст. Дар чунин ҳолат муфаттиш маҷбур мешавад аз шиканҷа кор гирад”.

Пешбинии муҷозоти сахттар ба омилони шиканҷа дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои муборизаи камсамар бо шиканҷа аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ интиқод мешунид. Аксаран мақомоти Тоҷикистонро бо он интиқод мекунанд, ки шикоятҳо аз шиканҷаро нодида мегиранд.

NoTorture.Tj