Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Зимни шарҳи тағйиру иловаҳои Кодекси мазкур ба вакилони парлумон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор дошт, ки онҳо пеш аз ҳама барои сабук гардонидани шароити афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда равона шудаанд.
«Мувофиқи тағийрот, акнун ба ин афрод дар давоми як сол ба 4 маротиба гирифтани бастаи ирсолии маҳсулоту лавозимот, 4 маротиба қабули бастаи интиқолӣ ва 2 маротиба дидор бо наздикон иҷозат дода мешавад. Қаблан муқаррароти мазкур мутаносибан 2 дафъа гирифтани бастаи маҳсулот ва 1 мулоқот бо пайвандонро пешбинӣ мекард», - гуфт вазир.
Бино ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 60 нафар дар шакли ҳабси абад адои ҷазо мекунанд.