Бобоназарова: Нафароне, ки шиканҷа мекунанд, набояд авф шаванд!

Бобоназарова: Нафароне, ки шиканҷа мекунанд, набояд авф шаванд!

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа дар Душанбе доир гашт, аз афзоиши шиканҷа дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, шахсоне, ки дигаронро зери шиканҷақарор медиҳанд, набояд авф карда шаванд.

Ба назари бонуи ҳуқуқшиноси тоҷик, пештар ҳукуматдорони мо мегуфтанд, ки шиканҷа дар кишвари мо мавҷуд нест, вале чун дар солҳои охир чандин далели шиканҷа ошкор гашт ва нафарони бегуноҳаз ҳаёту саломатӣ маҳрум шуданд, баъд онҳо қоил шуданд, ки дарҷомеа шиканҷа вуҷуд дорад.

- Боиси хушнудист, ки имрӯз барои мубориза бо шиканҷа дар кишвар пешравӣ дида мешавад. Масалан, дар Кодекси ҷиноии ҶТ моддаи алоҳидае оид ба шиканҷа илова карда шудааст ва тавассути ин эътироф карда шуд, ки дар ҳақиқат шиканҷа вуҷуд дорад. Инчунин, мо медонем, чандин қарорҳои судие ҳаст, ки дар он шахсони шиканҷакардаро муҷозот намудаанд. Ҳарчанд як пешравӣ аст, вале маънои онро надорад, ки дар кишвар шиканҷа аз байн рафтааст. Мо имрӯз ҳам дида истодаем, ки чи дар милитсия, чи дар Вазорати мудофиа ва ё дигар сохторҳои қудратӣ то ба имрӯз шиканҷа давом дорад,- афзуд хонум Бобоназарова.

Ҳамчунин, ин бонуи ҳуқуқшинос сабаби пеш омадани ҳолатҳои шиканҷаро дар сафи Кувваҳои мусаллаҳ ба анъана даромадани «дедовшина» ё худ бузургсолорӣ дониста, мегӯяд, ки маҳз латукӯби сарбозон аз ҷониби афсарони калон ва аз тарс шикоят накардани онҳо боиси афзудани шиканҷа мегардад. Инчунин, нафаре нест, ки азҳуқуқҳои сарбозон ҳимоят кунад ва то сарбоз ба ягон вакил шикоят мекунад, ки аллакай дер мешавад.

Ба гуфтаи Бобоназарова, чанде пеш як гурӯҳе ба вазири мудофиа ва сардори Ⱪӯшунҳои хушкигард муроҷиат намуда, хоҳиш кардаанд, ки оид ба ин масъала чора андешанд ва эълон кунанд, ки шиканҷа бояд нест карда шавад: «Вақте ки як нафарро мезананду шиканҷа мекунанд, ӯ ҳеҷвақт Ватанро ҳимоя намекунад. Шиканҷаву дигар амалҳои амсоли он на танҳо ҷиноят ба муқобили як нафар аст, балки бар хилофи ҷомеа буда, хиёнат ба Ватан мебошад. Чун онҳо қасам хӯрдаанд, ки кишварроҳимоя мекунанд, вале худ ба ҷиноят даст мезананд».

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, аз ҷониби Омбудсмен ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон изҳороте оид ба шиканҷа пахш нашудааст, ё худ маротибае дар парлумон низ баромад накардаанд роҷеъ ба шиканҷаву муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра.

Аммо Ҳусниддин Нидоев - муовини сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи сиёсӣва шаҳрвандии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки «дар натиҷаи гузаронидани мониторинг маълум шуд, ҳоло дарҚувваҳои мусаллаҳи кишвар шароит хеле пеш рафтааст ва муносибати сарбозон низ хуб шудааст. Ман дар бораи он қисмҳои ҳарбие гап мезанам, ки дар ноҳияҳои Данғара, Ашт, Конибодом ва Ⱪӯрғонтеппа буданду онҷо мо мониторинг гузаронидем. Дар вақти гузаронидани мониторинг ягон шиканҷа ба назар гирифта нашудааст».

Бояд гуфт, ки имрӯз дар пойтахт Рӯзи байналмилалии ҳифзиқурбониёни шиканҷа таҷлил карда шуд, ки дар он намояндагони созмонҳои Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, кормандони ВАО, намояндагони дигар мақомоти қудратӣва наздикони нафарони зери шиканҷа қароргирифта иштирок карданд. Дар чорабинӣ аксҳо ва филме роҷеъ ба ҳаёти нафарони шиканҷашуда низ ба намоиш гузошта шуд.

faraj.tj