Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти тафтишот ба хонаводаи Эҳсон Элчибеков – сарбози қисми низомии 06870 – и Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар робита ба марги ӯ ду афсар ва як сарбоз дастгир шуда, феълан дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Худоназар Элчибеков ва Таҷаммулшо Акобиршоев – ду пайванди Эҳсон – рӯзи 4 март дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, мулоқоти онҳо бо мақомоти тафтишот рӯзи 2 март дар Душанбе сурат гирифтааст.
Ба қавли онҳо, сарбози дастгиршуда бар асоси моддаҳои 373 ва 110 ва ду афсар бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешаванд. Онҳо гуфтанд, ҳоло кумисюни таҳқиқи марги Эҳсон Элчибеков кори худро ба поён набурдааст. Вале афзуданд, ин кумисюн шомили афроди муҳим, аз ҷумла додситони ҳарбии гарнизони Душанбе буда, интизор доранд, ки мунсифона ҳал хоҳад шуд.
"Мо бо парванда ҳам ошно шудем. Хулосаи аввалияи кумисюни таҳқиқ ин аст, ки ӯ дар натиҷаи муноқиша бо ҳамхидмати худ хафа (бӯғӣ) шудааст", - афзуд Худоназар Элчибеков. Пайвандони Эҳсон ба қисми ҳарбие, ки фарзандашон дар онҷо адои хидмат мекард, низ рафта, бо сарбозон дар бораи ин қазия пурсуҷӯ кардаанд.
Худоназар Элчибеков мегӯяд, бовар дорад, таҳқиқи парвандаи марги Эҳсон одилона анҷом хоҳад шуд, вале дар айни замон бо ирсоли як нома аз Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, хостаанд, ки ҷиддан ин парвандаро назорат кунад. "Ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамчунин ҳодисаҳои нангин ва ба хотири таъмини бовари мардум ба ҳукумат хоҳиш кардем, ки ин ҳодиса мувофиқи қонунҳои мавҷудаи кишвар ва одилона тафтиш шавад", - гуфт ӯ.
Аммо рӯзи 4 март мақомоти расмӣ ҳозир нашуданд, ки ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро шарҳ бидиҳанд. Онҳо гуфтанд, таҳқиқ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва то он замон ба хотири халал ворид нашудан ба тафтишот ҷузъиёту номи дастгиршудаҳо эълон намешавад.
Эҳсон Элчибекови 19-сола, ки дар яке аз қисҳои ҳарбии Вазорати дифоъ, воқеъ дар Душанбе, хидмат мекард, рӯзи 16 феврали имсол ба таври мармуз даргузашт ва ҷасади ӯро рӯзи 21 феврал ба волидонаш дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон супурданд. Баробари дастрас кардани ҷасади фарзанд, наздикон ба ҳодисаи марги табиии писари сарбозашон шубҳа карда, аз мақомот хостанд, ки омилони марги писарашонро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин сарбоз моҳи майи соли 2016 ба хидмат даъват шуда буд.
Дар аксари ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон дар давоми се соли охир мақомот на вуҷуди хушунат ва “дедовшина”, балки беморӣ ва ё худкушии сарбозонро сабаби аслии марги онҳо арзёбӣ кардаанд. Аз соли 2014 то кунун, дар гузоришҳои созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба артиш – 10 ҳодисаи марги сарбозон дар қисмҳои ҳарбии кишвар сабт шудааст.