Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бозии дўстона ба дастгирии қурбониёни шиканҷа
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
16-уми майи соли 2021 соати 19:00 дар майдони футболи «Душанбе Арена» миёни дастаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба дастгирии қурбониёни шиканҷа ва хешовандони наздики онҳо бозии дўстонаи мини-футбол баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Бозӣ бо ҳисоби 7:3 ба фоидаи дастаи футболи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба поён расид, ки бо ҷоизаи пулӣ сарфароз гаштанд. Иштирокдорон барои руҳияи варзишӣ ва муносибати дўстона ҳангоми бозии дўстона бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа сипоснома гирифтанд.
Бозии дўстонаи мини-футбол бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мавзуи истифодаи шиканҷаву муносибати бераҳмона ва дастгирии қурбониёни шиканҷа ташкил карда шуд. Интизор меравад, ки ба ин тариқ таҳаммулпазирии сифрӣ ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона миёни ҷавонон тавассути варзиш коркард мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур иштирокдорон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуданд, аз ҷумла аз воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 истифода бурданд (ниқобҳо, дастпўшакҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоиро риоя карданд).
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМЎШ НАБУДАН!
Қурбониён - бо зўроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рўзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гўянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Гузаронидани чорабинӣ бо дастгирии молиявии Лоиҳаи БРСММ «Волоияти қонун ва адолати судӣ» имконпазир гардид.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj