Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 2-юми декабр дар «Parking» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷаласаи иттилоотӣ баргузор намуд.
Ҳомиёни ҳуқуқи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!” рӯзи 2-юми декабр дар маркази фароғатии «Parking»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, барои намояндагони ҷавонони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷаласаи иттилоотӣ баргузор намуданд.
Ҳадафи асосии ҷаласаи иттилоотӣ омӯзиши асосҳои ҳуқуқи инсон, озодӣ аз шиканҷа, қобилияти фарқ кардани унсурҳои шиканҷа аз дигар моддаҳои марбута, омӯзиши асосҳои Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазо, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва тартиби инъикоси мавзӯи мубориза бо шиканҷа дар ВАО буд. Ба 10-умин солгарди ворид шудани моддаи 143, эзоҳи 1 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои худ оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон ба иштирокчиён оид ба заминаҳои ҳуқуқии татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон нақл карданд. Сипас, тренерҳо дар бораи таърихи пайдоиши ҳуқуқи инсон, дар бораи манбаъҳои дастрас намудани маълумот гуфтанд ва дар бораи торнамои Эътилоф маълумот доданд: https://notorturetj.org/.
Дар баробари ин, масъалаҳои нақши мақомоти давлатӣ, инчунин мавқеи ҷомеа ва ВАО дар паҳнкунии иттилоот ва нуктаҳои асосии Нақшаи миллии амалҳо оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бар илова, бо иштирокдорон мавзӯи инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар расонаҳо ва зарурати фаъолияти муштараки хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳомиёни ҳуқуқ ба саволҳои ҷавонони фаъол посух доданд.