Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони Ҳасан Юсуфов мегӯянд, ки ҷасади ин сокини 51-солаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе аз Урумчӣ ба Душанбе оварда хоҳад шуд. Ӯ ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Чин ба қатл расидааст.
Тобути Ҳасан Юсуфов - соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расидааст, рӯзи 2 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол хоҳад ёфт. Наздикони ин соҳибкори тоҷик рӯзи 1 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора ба онҳо аз намояндагии сафорати Тоҷикистон дар Урумчӣ телефонӣ хабар додаанд.
Баҳодур Юсуфов гуфт, ки тобути бародараш дар нимаи дувуми рузи сешанбе ба Душанбе хоҳад омад. "Ҳамаи аҳли хонавода дар инҷо омодагӣ доранд ва мунтазир ҳастанд. Панҷ сол боз бародарамро надида будем ва ҳоло дидани ҷасадаш насиб будааст," -- афзуд ӯ.
Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, панҷ сол пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, ба ҳукми қатл маҳкум гардид. Хонаводаи ин соҳибкори тоҷик мегӯянд, ки то лаҳзаи охирини иҷрои ҳукми қатлаш дар Чин умед доштанд, ӯ эъдом намешавад. Вале вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа анҷом шуда ва эъдоми ӯ рӯзи 28 январ сурат гирифтааст.
Қаблан Вафо Ниятбеков - муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодӣ гуфта буд, пеш аз иҷрои ҳукми қатл масъулони сафорати Тоҷикистон дар Чин бо Ҳасан Юсуфов мулоқот кардаанд. Юсуфов дар лаҳзаҳои охирини зиндагиаш хостааст, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон баранд ва аз пайвандонаш узр хостааст.
Ҳасан Юсуфов падари ду фарзанд дар Тоҷикистон ошпаз буда ва солҳои 2008 барои беҳбуд бахшидани зиндагӣ ба Чин рафтааст. Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар ошхонаҳои он кишвар ошпазӣ мекард ва ҳамзамон ба тиҷорат машғул буд ва бовар надоранд, ки Ҳасан ба ҷиноят даст задааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрвандиТоҷикистон дар зиндонҳои Чин ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. Созишномаи табдили зиндониён дар байни Тоҷикистону Чин соли 2015 ба тасвиб расид.
Қонунгузории Чин дар мавриди қочоқбарони маводи мухаддир ҷазоҳои хеле шадид, бо шумули ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд. Ба ҷуз аз Ҳасан Юсуфов, боз 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, аз ҷумла як зан дар Чин бо айни ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукми қатл гирифтаанд.