Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи пандемияи COVID-19 берун аз кишвар мондаанд, нигарон буда, бо ирсоли номае ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони дастгирии ҳамватанон гардидаанд.
«Дар шароите, ки кишварҳо ва сарҳадҳо аз сабаби пандемияи коронавирус баста шудаанд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд, дар ҳолати осебпазир қарор гирифтаанд»,- менависанд муаллифони нома.
Дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки муҳоҷирон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштаанд: аксари онҳо ҷои кори худро аз даст додаанд ва дар натиҷа наметавонанд манзил иҷора гиранд ва инчунин воситаҳои рӯзгузаронӣ надоранд. Ин вазъ ҳамчунин аз ҷониби намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия эътироф карда шудааст. Аммо шумораи чунин шахсон мушаххас нашудааст.
«Вуҷуд надоштани маълумоти боэътимод дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, оид ба эҳтиёҷоти мавҷуда ва корҳое, ки барои дастгирии ҳамватанони мо амалӣ шуда истодаанд, метавонад ба фаъолияти муассири мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа монеъ шавад ва қобилияти шарикони рушд ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҷиҳати расонидани кӯмак ба онҳо маҳдуд менамояд»,- менависанд ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар тавқифгоҳҳои муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ (ТМНШХ) дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия, аз ҷумла Екатеринбург ва Уфа қарор доранд, дар ҳолати вазнин афтодаанд.
«Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Москалкова дар Русия изҳор дошт, ки дар тавқифгоҳҳои муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандоне аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки бояд ба Тоҷикистон фиристода шаванд, аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳадро бастааст ва онҳоро қабул намекунад. Вай шарҳ дод, ки имрӯз дар Русия зиёда аз 200 шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, аммо бо сабаби баста шудани сарҳадҳо ин корро карда наметавонанд . Вазъият бо он сабаб мураккаб аст, ки онҳо баромада наметавонанд ва ҳамзамон озод карда намешаванд, ки ин дар навбати худ шартҳои будубошро дар муассисаи номбурда вайрон мекунад»,- менависанд муаллифони нома.
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ инчунин пешниҳод намудани маълумоти кушодаи зеринро дархост кардаанд:
1) Кадом кӯмак аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути консулгариҳои он дар Федератсияи Русия баҳри муҳоҷироне, ки барои бозгашт ба Тоҷикистон эҳтиёҷ доранд, расонида мешавад, аз ҷумла:
- муҳоҷирони меҳнатие, ки дар минтақаҳои дурдасти Федератсияи Русия кор мекунанд;
- муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Екатеринбург ва Уфа дар тавқифгоҳҳои муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ (ТМНШХ) қарор доранд. Тавре ки таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, хатари сирояти коронавирус ба одамоне, ки дар муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида нигоҳ дошта мешаванд, хеле баланд аст.
2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути консулгариҳои он дар Федератсияи Русия барои муайян кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия карантин шудаанд, оё кӯмак мерасонад? Агар расонад, шарҳ диҳед, ки чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба коронавирус сироят ёфтаанд? Чанд нафари онҳо табобат мегиранд? Чанд нафари онҳо фавтидаанд?
3) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва расонидани кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла дар расонидани кӯмаки моддӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ кадом чораҳоро андешидааст ва оё ин барои тавсеаи мақом ва ҳифзи ҳуқуқашон оид ба вазъашон аз ҷониби мақомоти Русия мусоидат мекунад?
4) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои ҷамъиятӣ, диаспора ва созмонҳои миллии фарҳангии тоҷикон дар Федератсияи Русия бо мақсади расонидани кӯмаки башардӯстона ва маълумотдиҳӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст?
5) Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои Федератсияи Русия бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ - муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ва оилаҳои онҳо ҳангоми пандемияи COVID-19 чӣ гуна ҳамкорӣ менамояд?
6) Мақомоти ваколатдор оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия чӣ гуна ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ки корфармоён дар робита бо COVID-19 поймол кардаанд, саҳм мегузорад?
Дар навбати худ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дар ташкили фаъолият дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ барои паҳн намудани иттилооти зарурӣ оид ба хатари сироят ва роҳҳои ҳифз, дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва дигар дастгирӣ, инчунин барқарор кардани иртибот бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаҳо дар Федератсияи Русияро, ки ёрии башардӯстона ва дигар намуди кӯмак мерасонанд, пешниҳод кардаанд.