Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" ва бунёди Ҳолландии "Perspectivity Challenge" аз оғози чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба 26 июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа хабар медиҳанд. Чорабиниҳои мазкур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, гузаронида мешавад.
Соли 1997 бо тавсияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (қарори 1997/251) Ассамблеяи Генералии СММ 26 июнро Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон кард (Қатъномаи 52/149 аз 12 декабр). Ин рӯз бо ҳадафи решакан кардани шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф аз соли 1984, ки 26 июни соли 1987 эътибор пайдо кардааст, таҷлил мегардад.
Ин рӯз ҳамчун даъват ба амал барои ҳама ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла кишварҳои узви СММ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони алоҳида хизмат мекунад. Барои дастгирии садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон, ки қурбонии шиканҷа шудаанд ва онҳое, ки имрӯз ҳам шиканҷа мешаванд, талошҳо бояд муттаҳид карда шаванд.
Сарчашма: https://www.un.org