Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, махсусан қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо ҳадафи асосии фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолати шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаи Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои “Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва “Муқобилият ба шиканҷа дар Тоҷикистон - Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маблағгузорӣ мешавад, як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ барои адвокатҳои вилояти Хатлон гузарониди шуд.
Дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 30 нафар адвокатҳои вилояти Хатлон ҷалб карда шуданд. Бахусус адвокатҳои ноҳияҳои Данғара, Фархор, М. С. А. Ҳамадонӣ, Восеъ, Хуросон ва шаҳри Бохтар дар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуданд.
Зимни вохӯриҳо ба адвокатҳо китоби “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа ва дигар намуди муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф” аз соли 2022 ва лифлетҳои Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин адвокатҳо оид ба фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дастрас намуданд.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ниҳоди ҷомеи шаҳрвандиро низ вазифадор намудааст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд.
Чорабиниҳои иттилоотии мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо адвокатҳо баҳри мустаҳкам намудани механизми ҳимоя намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон гузаронида шуданд.