Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҷаҳонишавии бемории сироятии коронавирус кулли мардуми оламро ба ташвиш овард. Баҳри пешгирии ин вабо тамоми давлатҳо чораҳои таъхирнопазир рӯи даст гирифтанд. Хусусан созмонҳои соҳаи тандурустӣ кӯшиш карданд, ки барои огоҳонидани мардум ва иттилоънок сохтани онҳо аз роҳҳои таъсиргузори самаранок истифода баранд.
Охирҳои моҳи марти соли 2020 торнамои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ матлаберо таҳти унвони «Чораҳои пешгирии хуруҷи «КОВИД-19» дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ. Вазифаи ғайриоддӣ, аммо ҳаётан муҳим» (https://www.euro.who.int/ru/health-topics/health-determinants/prisons-and-health/news/news/2020/3/preventing-covid-19-outbreak-in-prisons-a-challenging-but-essential-task-for-authorities) пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Имрӯз Шӯрои минтақавии СҶТ тавсияҳои муваққатӣ оид ба чораҳои пешгирии бемории коронавирус (КОВИД-19) дар ҷойҳои маҳрумият аз озодиро бо номи «Омодагӣ, пешгирӣ ва назорати «КОВИД-19» дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс» нашр намуд. Ин тавсияҳо барои кормандони тиббии муассисаҳои пенитенсиарӣ, инчунин маъмурияти онҳо муқаррар карда шудааст. Тавсияҳо маълумоти муфид оид ба пешгирӣ ва маҳдудсозии хуруҷи «КОВИД-19», инчунин риояи нуқтаҳои муҳими ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабсро дар бар мегиранд. Чунин ҷанбаҳои калидии ҳуқуқи инсон дастрасӣ ба иттилоот ва расонидани кумаки тиббии лозимиро аз ҷумла дар мавриди бемориҳои руҳӣ таъмин месозанд».
Ба навиштаи ин торнамо, баҳри пешгирии хуруҷи фарогири «КОВИД-19» дар чунин ҷойҳо назорати паҳншавии сироят нақши бузург дорад: «Тавсияҳои зикргардида барои ҳифзи саломатӣ ва бурдбории нафароне, ки дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, кормандон ва боздидкунандагони муассисаҳои пенитенсиарӣ, инчунин аҳолӣ дар умум равона гардидаанд. Шахсони дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс ба нафарони дар муҳити пӯшида зиндагӣ ва кор мекарда баробаранд, ки дар умум назар ба аҳолӣ аз «КОВИД-19» бештар осебпазиранд. Ба ғайр аз ин, муассисаҳои пенитенсиарӣ метавонанд сабаби ба таври фаъолтар паҳн гардидани «КОВИД-19» берун аз ҳудудҳояшон шаванд».
Тибқи тавсияҳои нави СҶТ, дар сурати мавҷуд набудани таваҷҷуҳ ба чораҳои назорати сироят дар маҳбасҳо, талошҳои саросарӣ барои мубориза бо паҳншавии беморӣ метавонанд ба нокомӣ мувоҷеҳ гарданд.
- Дараҷаи таваккали воридшавии «КОВИД-19» ба маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс дар ҳар давлат фарқкунанда аст, аммо чораҳо барои кам кардани ин хатар бояд дар якҷоягӣ сурат гирад. Пешгирӣ ва маҳдудсозии бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, ки одамон дар наздикии ҳамдигар қарор доранд, ҳамеша вазифаи ғайриоддӣ буд. Дар заминаи «КОВИД-19» ин вазифа боз ҳам ба он хотир мураккаб мешавад, ки ин беморӣ одатан тадриҷан рушд меёбад ва шабеҳи бемориҳои шуш аст,- омадааст дар матлаби торнамо.
Бояд гуфт, дар тавсияҳо маълумот оид ба нишонаҳои «КОВИД-19» ва чораҳои пешгирии он, ки дар нисбати гумонбарон ба беморӣ ва ё ҳолатҳои имконпазир тибқи мушаххасоти нишондодаи муассисаҳои пенитенсиарӣ бояд истифода шаванд, ба назар мерасад.
- Баҳри муборизаи самаранок бар зидди хуруҷи «КОВИД-19» дар маҳбасҳо мақомоти давлатӣ бояд барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти тандурустӣ ва адлия, ки маълумот ба кормандони муассисаҳои пенитенсиариро таъмин намуда, риояи ҳамаи ҳуқуқҳои инсонро дар ин муассисаҳо кафолат хоҳад дод, талаботи ҷавобгӯву системавии муосирро таъмин созанд. Дар шароити ҳолатҳои фавқулодда дар самти ҳифзи иҷтимоии тандурустӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва дигар муассисаҳои шакли пӯшида, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад, чораҳои хислати умумидошта заруранд,- навиштааст торнамо.
Ёдовар мешавем, ки «КОВИД-19» дар шаҳри Ухани Чин ба вуҷуд омад ва айни замон дар бисёр давлатҳо паҳн шуда истодааст. Директори генералии СҶТ Тедрос Гебрейесус 30-юми январи соли 2020 хуруҷи «КОВИД-19»-ро ҳолати фавқулодда дар самти тандурустии иҷтимоӣ эълон кард, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад.