COVID-19: Ҳуқуқҳои гуруҳҳои аз ҳама осебпазири маҳбусон бояд таъмин шавад

Дар давраи ҷаҳонишавии коронавирус Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ба ҳукуматҳои давлатҳо дар мавриди риояву таъмини ҳуқуқҳои инсон паём ирсол намуданд.

- Вазъ дар марказҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс ва ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла марказҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс ва марказҳои барқароркунӣ барои ноболиғон, бо назардошти талаботи мушаххас нисбати манъи табъиз ва дастрасии баробар ба нигоҳубину хизматрасониҳои тиббӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба маҳбусоне, ки ба гуруҳҳои осебпазир ё гуруҳҳои дорои хавфи баланд, аз қабили одамони солхӯрда, занҳо, кӯдакон ва маъюбон тааллуқ доранд, бояд омӯхта шавад,- омадааст дар ин паём.

Ба назари ниҳодҳои мазкур, «азбаски дар ин хел шароитҳои ҳассос ва маҳдуд хавфи баланди беморшавии одамон вуҷуд дорад, ба муҳокимаи масоили ҳифзи қонуният, зарурат ва мутаносибии ин гуна чораҳо бо назардошти хавфҳои мавҷуда ва алтернативаҳои имконпазир бо тарафҳои манфиатдор шуруъ кардан лозим аст. Ба роҳ мондани амалҳои якҷоя бо тарафҳои асосии манфиатдор: Ҳамоҳангсози доимӣ / Ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои гуманитарӣ ва гуруҳҳои кишварии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин мақомоти салоҳиятдор дар сатҳҳои миллӣ ва зермиллӣ (мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пенитенсиарӣ, кормандони хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти таъминоти иҷтимоӣ, мақомоти судӣ), инчунин вазоратҳо (корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ғайра) бо ҳадафи шуруи муҳокимаҳо ва пешкаши машваратҳои техникӣ дар масоили истифодаи санадҳо бо паёмҳои калидӣ зарур меояд. Дар рафти муҳокимаҳои якҷоя бо тарафҳои асосии манфиатдор масъалаи оқибатҳои ҳар гуна вазъиятҳои фавқулодда ва чораҳои мушаххас, ки дар робита ба вазъ дар марказҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс андешида мешаванд, доир ба имконияти эҳтимолии озодкунӣ ва/ё алтернативаҳо ба нигоҳдорӣ таҳти ҳабс, ки ба маҳрумият аз озодӣ алоқаманд нестанд, бояд баррасӣ шаванд. Дар мавриди шахсоне, ки нисбати онҳо чораҳои марбут ба нигоҳдорӣ таҳти ҳабс ё маҳдудияти озодии ҳаракат зарурӣ ва муносиб мебошанд, бояд чораҳо оид ба таъмини омодагӣ ба идора кардани хавфҳо таҳия шаванд. Ба шабакаҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба ҷойҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс дастрасӣ доранд, иттилоот ҷамъ овардан, баргузор намудани арзёбиҳои ҳолати саломатӣ, фаъол кардани мониторинги вазъ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс ва пайдо намудани имкониятҳо барои баланд бардоштани огоҳӣ зарур аст. Мақомоти назоратӣ, ки барои татбиқи қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс масъуланд, аз ҷумла муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигар, ки ваколатномаҳои дахлдори назоратӣ доранд, бояд мисли пешина ба ҷойҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс дастрасӣ дошта бошанд. Дар ҳолатҳое, ки ин гуна мақомот дар мутобиқат бо Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа таъсис меёбанд, онҳо механизмҳои миллии пешгириро дар бар мегиранд».

Ҳамзамон, ишора шудааст, ки «аз мушкилоти соҳаи тандурустӣ набояд барои боздоштҳои пайвастаи шахсони алоҳида ё гуруҳҳои муҳоҷирон, аз ҷумла гурезаҳо сӯйстифода шавад».

NoTorture.Tj