Дар давраи пандемия гузаронидани чорабиниҳо афзуд

Дар давраи пандемияи коронавирус гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳо хусусан дар самти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муассисаҳои пенитенсиарӣ афзуд.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта аз санаи 2 то 23-юм бо дастгирии техникии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" машғулияти омӯзишии дуҳафтаина барои 10 корманди тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида шуда буд.

Гуфта мешуд, ки иштирокчиён дар бораи хусусиятҳои табобати гирифторони бемории сироятии коронавирус ва истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои бемориҳои гуногун дар муассисаҳои ислоҳӣ маълумот гирифта, малакаи худро дар машғулиятҳои амалӣ дар шуъбаи анестезиология ва эҳёи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил медиҳанд.

Бино ба иттилои портали иттилоотии тиббии Аfif.tj, чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти иқтидори хизматрасонии тиббии муассисаҳои пенитенсиарӣ оид ба пешгирӣ, ташхис, табобати сирояти коронавируси COVID-19 ва таъмини назорати самараноки сироятӣ дар СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки аз ҷониби Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.

Бояд зикр намуд, ки пеш аз ин ҳам портали иттилоотии мазкур хабар пахш карда (http://afif.tj/tg/khabarho/1126-az-1-to-30-oktyabri-soli-2020-tashkiloti-jam-iyatii-jumhurivii-afif-dar-hamkori-bo-sarrayosati-ijroi-jazoi-jinoyatii-vazorati-adliyai-jumhurii-tojikiston-srijj-va-jt-va-bemorkhonai-bemorihoi-siroyatii-shahri-dushanbe.html), иттилоъ дода буд, ки «аз 1 то 30-юми октябри соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуривии “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) ва Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе барои 104 нафар кормандони тиббии муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳкумшдагони фаъол дар мавзуи “COVID-19: роҳҳои сироят, чораҳои пешгирӣ ва бехатарӣ дар ҷои кор. Таъмини ҳуқуқи маҳкумшудагон барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосии тиббӣ дар шароити маҳрумият аз озодӣ” як қатор омӯзишҳои хурди кӯтоҳмуддат баргузор намуд».

Бояд гуфт, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо сариваќтӣ буда, барои ҳалли мушкилоти пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус мусоидат хоҳанд кард.

NoTorture.Tj