Дар Душанбе намоиши аксҳои «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор шуд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, чорабинии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!»-ро гузаронид. Намоиши аксҳо дар меҳмонхонаи «Душанбе Серена» гузаронида шуд.

Дар доираи чорабинӣ намоиши аксҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон доир гардид. Он ба мардонагиву шуҷоати нафароне бахшида шуда буд, ки наздикони худро аз даст додаанд. Сарфи назар аз ҳама монеагиву душвориҳо, онҳо батамом боварӣ доранд, ки гунаҳгорон қонунан ҷазо мегиранд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО, хешовандони фавтидагон ва онҳое, ки нисбати масоили шиканҷаи шаҳрвандон бетафовут нестанд, иштирок карданд.

Намоиши аксҳоро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов (директори ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон») ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бисёр кишварҳои ҷаҳон Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро соли 1987 имзо карда, Тоҷикистон ин амалро соли 1995 анҷом додааст. «Аз соли 1997 дар ҳамаи давлатҳое, ки Конвенсияро тасдиқ намудаанд, Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад. Дар ин рӯз, 26-уми июн, чорабиниҳо гузаронида шудаву ба иттилоотноксозии ҷомеа равона мегарданд, ки истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона норавост. Конвенсия муқаррар кардааст, ки ягон нафар дар ягон ҳолат набояд ба шиканҷа дучор гардад - на амалиёти ҳарбӣ, на моҷароҳо, на вазъияти марбут ба терроризм наметавонанд баҳона барои истифодаи шиканҷа бошанд»,- зикр намуд ӯ.

Ба гуфтаи роҳбари Эътилофи зидди шиканҷа, аз соли 2001 Эътилоф дар ин самт бо мақомоти давлатӣ, адвокатҳо, равоншиносон, кормандони тиббӣ кор мекунад. «Аз ҷониби давлат ҳам корҳои зиёд ба нҷом расонида шуданд. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар бораи норавоии шиканҷа эълон дошт, Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо шиканҷа қабул гардид, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул шуд, ки дар он чорабиниҳо дар мавриди беҳтарсозии ҳолатҳои вобаста ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ворид карда шуданд, соли 2020 дар Кодекси ҷиноятӣ, дар моддаи «Шиканҷа» бо мақсади пурзӯр намудани таҳримҳо нисбати нафароне, ки аз он истифода мебаранд, тағйирот дароварда шуд»,- илова намуд Нурмаҳмад Халилов.

Ӯ инчунин зикр намуд, ки дар умум, вазъият бо шиканҷа дар кишвар «ҳоло душвор аст». «Соли 2020 Эътилоф 38 ҳолати имконпазири истифодаи шиканҷаро нисбати шаҳрвандон ҳуҷҷатгузорӣ кард, дар соли 2019-ум 42 ҳолат ва дар соли 2018-ум 52 ҳолат. Тавре мебинем, омор поин меравад. Шояд ин бозгӯи омилҳои гуногун аст. Аммо умедворем, ки чунин поинравӣ бозгӯи беҳтаршавии вазъият аст»,- гуфт роҳбари Эътилоф.

Аммо ба назари Нигина Баҳриева, ҳимоятгари ҳуқуқ ва роҳбари ФҶ «Нотабене», поин рафтани шумораи муроҷиатҳо оид ба шиканҷаҳои эҳтимолӣ дар гумон аст, ки бозгӯи беҳшавии вазъ дар ин самт бошад. «Инҷо якчанд омил ҳаст. Пеш аз ҳама, худи қурбониён ва хешовандони онҳо ба системаи адолати судӣ бовар надоранд. Онҳо боварӣ надоранд, ки дар ин муҳориба ғолиб меоянд. Ин одамон одатан гумонбаршудагону айбдоршудагон аз рӯйи ягон навъ ҷиноят ба шумор мераванд ва барои гирифтани нишондоди худиқрорӣ нисбати онҳо аз шиканҷа истифода шудаасту ба ҳамин хотир, метарсанд, ки муроҷиат дар мавриди шиканҷа вазъашонро бадтар сохта, метавонанд ба муҳлатҳои зиёд аз озодӣ маҳрум гарданд. Инчунин, мушкилие вуҷуд дорад, ки бисёр адвокатҳо намехоҳанд бо парвандаҳои марбут ба шиканҷа машғул шаванд. Онҳо намехоҳанд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархӯрд дошта бошанд ва натиҷа ин мешавад, ки қурбонӣ бо андешаи он, ки ба ӯ касе кумак намерасонад, дар ҳолати осебпазирӣ мондан мегирад. Барои ҳамин, онҳо ҳатто намехоҳанд ин муборизаро оғоз кунанд»,- мегӯяд ӯ.

Нигина Баҳриева зикр намуд, ки ба Эътилоф хеле кам нафароне шикоят мекунанд, ки чизе барои бой додан надоранд - ё хешашон дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидааст, ё чунон муҳлати зиёде гирифтааст, ки аллакай дигар чизе наметавонад вазъашро бадтар кунад.

Дар намоишгоҳи аксҳо 26 қиссаи қурбониёни шиканҷа пешниҳод гардид. Инҳо парвандаҳое ҳастанд, ки аз рӯяшон Эътилоф давоми чанд соли охир корбарӣ кардааст.

«Мутаассифона, ҳар сол намоишгоҳи мо бо қиссаҳои нави қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона пур мешавад, ки қисми зиёди онҳо фавтидаанд. Имсол мо 18 қиссаи аксиро пешкаш месозем. Қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва адвокатҳо солҳо мубориза мебаранд, то тафтиши самараноки ҳар як ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона гузаронида шаваду шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд»,- мегӯяд Шоира Давлатова, директори иҷроияи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки он низ ба Эътилоф дохил мешавад.

Барои он, ки таҷрибаи истифодаи шиканҷа пешгирӣ карда шавад, фаъолияти қатъии тамоми мақомот, аз ҷумла мақомоти тафтишотӣ, кормандони тиббие, ки шаҳодатгардонӣ мегузаронанд, судҳо лозим аст.

Шаҳло Ваҳобзода, судяи Суди Олӣ мегӯяд: «Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ҳар як аризаи ба суд оид ба шиканҷа воридгардида бо тартиби ҳатмӣ баррасӣ карда мешавад ва барои ин қарори Пленуми Суди Олӣ дар ин масъала уҳдадор кардааст. Он уҳдадор кардааст, ки агар ба суд ариза дар бораи шиканҷа ворид гардидаву ба мақомоти тафтишотӣ ирсол карда шуда бошад, идомаи баррасии парвандаи ҷиноятӣ бояд манъ карда шавад. То вақте ки хулосаи мақомоти тафтишотӣ ба суд ворид нагардад, мо баррасии парвандаро идома намедиҳем. Ягон ариза оид ба шиканҷа бе вокуниш намемонад».

Нигора Назарзода, судяи Суди Олӣ чунин мешуморад, ки на танҳо барои судяҳо, балки барои муфаттишон ва кормандони ҷустуҷӯи ҷиноятӣ низ гузаронидани шумораи бештари семинарҳои омӯзишӣ лозим аст. «Зеро, тавре таҷриба нишон медиҳад, шиканҷаҳо асосан аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ истифода мешаванд»,- гуфт ӯ.

Оё қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ба дигар мақомот муроҷиат мекунанд? Ҳусниддин Нидоев, корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ мегӯяд, ба идораи онҳо аз оғози имсол чанд муроҷиат оид ба шиканҷа ворид гардидааст, ки барои санҷиш ба прокуратура ирсол карда шудаанд. «Вақте ки мо, масалан, ба маҳбаси Бохтар рафтем, маҳбусон танҳо аз ҳукмҳои ниҳоят вазнини суд шикоят карданд»,- илова намуд ӯ.

Рӯзи байналмилалии қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ ташкил ёфтааст. Тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо, инчунин мутобиқи дигар созишномаҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон имзошуда, шиканҷа дарду ранҷе ба шумор меравад, ки намояндагони мақомот бо мақсади ба даст овардани нишондод ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон расонидаанд.

Чорабинӣ бо дарназардошти тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ гузаронида шуда, ба иштирокдорон воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 (ниқобҳо, дастпӯшакҳо, антисептикҳо) тақсим карда шуданд.

NoTorture.Tj