Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Хуҷанд ва 1-уми август дар шаҳри Кӯлоб машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон доир намуданд.
29-уми июли соли 2022 аз соати 9:00 то 14:00 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ баргузор гардиданд. Ҳамин тариқ, соати 9-и субҳ баробари ба меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд расидану шиори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»-ро насб кардан, ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон эълон карданд, ки оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ машварати ройгон медиҳанд. Ба 14 нафар ройгон машварати ҳуқуқӣ дода ва ҳамзамон ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ тартиб дода шуданд.
1-уми августи соли 2022 аз соати 9:00 то 14:00 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуданд. Ҳамин тавр, адвокатҳо соати 9-и субҳ ба меҳмонхонаи «Бадахшон»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳозир шуда, шиори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»-ро насб намудаву ба шаҳрвандон эълон доштанд, ки оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ машваратҳои ройгон медиҳанд. 9 нафар оид ба доираи васеи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва масоили ҳуқуқи инсон машварати ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд.
Ҳангоми пешниҳоди машварати ҳуқуқӣ шаҳрвандон оид ба масъалаҳои марбут ба ситонидани алимент, аз хона берун кардан, манзил, меҳнат, андоз, баҳсҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ ва гражданӣ оид ба тақсими амвол ва ғайра саволҳо доданд.
Аз ҷониби машваратчиён ҳуқуқҳои муроҷиаткардагон ва аъзои оилаҳои онҳо шарҳ дода шуд. Дар мавриди парвандаҳои ҷиноятӣ тартиби боздошт, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҷонибҳои иштирокчии истеҳсолоти судии ҷиноятӣ шарҳ дода шуданд. Оид ба муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ намунаҳои шартномаи меҳнатӣ ва шартномаи хизматрасонӣ пешниҳод карда шуданд. Аз рӯи масъалаи баҳси ҳуқуқии гражданӣ кумаки ҳуқуқӣ дар шакли тартиб додани ариза ба суд дар бораи талаб намудани ҷуброни мутаносиби вайрон кардани манзил расонида шуд.
Ба муроҷиаткардагон оид ба қонунгузории андоз низ машварат дода шуд.
Ҳамагӣ 23 нафар барои дарёфти машварати ҳуқуқӣ муроҷиат карданд. Дар охири машваратҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони муроҷиаткарда дар бораи макони ҷойгиршавии идораҳои созмонҳои ҳуқуқи инсон - аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои адвокатӣ дар ҳудудҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб маълумот дода шуд.