Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти шуъбаи тиббӣ ва расонидани ёрии самараноки тиббӣ ба занони маҳкумшуда, аз моҳи апрели соли 2022 дар колонияи занонаи ЯС 3\12-и шаҳри Норак утоқи гинекологӣ ба фаъолият шуруъ кард.
Ин имкон медиҳад, ки доираи васеи хизматрасониҳои тиббӣ расонида шуда, на танҳо барои занон, балки барои фарзандони ояндаи онҳо кумаки босифату фаврӣ таъмин карда шавад.
Таваҷҷуҳи махсус ба намудҳои муайяни бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои марбут ба солимии репродуктивии занон, бемориҳои сироятӣ (ВИЧ/СПИД) ва бемориҳои онкологӣ равона карда мешавад. Ҳамчунин, як қатор воситаҳои тиббӣ барои табобати бемориҳои марбут ба солимии репродуктивии занон, КОВИД-19 ва ғайра дастрас карда шудааст.
Ин чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ карда мешавад.
Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Аз чораҳои зиддибуҳронӣ то тағйир додани системаҳо дар давраи КОВИД-19» дар ҳамкорӣ бо «Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа» («СҶЗШ») бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ тавассути почтаи электронии hrc.tajikistan@gmail.com муроҷиат кардан мумкин аст.