Дар маҳбасҳои Тоҷикистон дар ним сол 41 маҳбус фавтидаанд

Аз шумораи умумии нафарони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ фавтида 11 нафар аз пневмония вафот кардаанд. Дар ин бора имрӯз вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи бемориҳои гуногун 41 нафар маҳбус фавтидаанд.

Ӯ зикр намуд, ки ба ҳолати имрӯза дар колонияҳои ислоҳотӣ-меҳнатӣ 213 нафар сироятёфтагони ВИЧ, 85 нафар гирифторони бемории сил, 98 нафар гирифтори пневмония ва 244 нафар муътодон ба қайд гирифта шудаанд.

Вазир қайд кард, ки ҳамаи беморон дар маҳбасҳои Тоҷикистон таҳти назорати тиббӣ қарор доранд ва табобат мегиранд.

Asia-Plus