Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа барои ҷавонон чорабинии иттилоотӣ доир намуд.
Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Эътилоф дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди Зигрид Раузинг маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ зиёда аз 50 нафар, аз ҷумла мактаббачагон, донишҷӯёни коллеҷҳои тиббию омӯзгории шаҳри Панҷакент ва волонтёрон буданд. Чорабинӣ ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа бахшида шуда, дар рафти он ба иштирокчиён оид ба фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ барои иштирокчиён викторина гузаронида шуд, ки он саволҳо дар мавзуҳои ҳуқуқи инсон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва ғайраро дар бар мегирифт.
Ба панҷ нафар ғолибони викторина туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.