Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар доираи лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа!» 15-уми апрел дар радиои «Ватан» дар мавзуи «Кумаки аввалия ба қурбониёни шиканҷа» барномаи радиоӣ доир намуд.
Мақсади лоиҳа мусоидат ба иштироки фаъолонаи институти машваратчиёни халқӣ дар мурофиаҳои судӣ мебошад.
Дар ин барномаи радиоӣ мавзуҳои рӯзмарра, аз қабили чӣ будани шиканҷа, ба куҷо муроҷиат карда тавонистани қурбонии шиканҷа, инчунин афзалиятҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон инъикос гардиданд.
Лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа!» бо дастгирии Шарикии байналмилалии ҳуқуқи инсон (IPHR) амалӣ карда мешавад.