Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 14-уми июн дар яке аз радиоҳои машҳури ватанӣ - «Ватан» барнома бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии СММ ба дастгирии қурбониёни шиканҷа пахш гардид.
Рӯзи байналмилалӣ бо мақсади аз байн бурдани шиканҷа ва таъмини амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо гузаронида мешавад. Ин рӯз имкон медиҳад, ки ҳамрайъӣ бо қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо дар робита ба он ранҷҳое, ки аз сар гузаронидаанд ва тасдиқи чунин зарурат, ки чораҳо оид ба офиятбахшии тамоми қурбониёни ин гуна муносибат дар тамоми дунё андешида шудаанд, нишон дода шавад.
Мутахассисони Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба кори худ, дар мавриди тағйиротҳое, ки Тоҷикистон бо мақсади барҳам додани шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар амалӣ менамояд, сухан гуфта, ба саволҳои актуалӣ посух доданд.
Барномаро дар ин суроға метавонед гӯш кунед: https://notorturetj.org/audio/beseda-o-pytkah-s-gruppoy-pravovoy-pomoshchi-koalicii-protiv-pytok-i-beznakazannosti-v
ДАР ХОТИР ДОШТА БОШЕД!
- Шиканҷа - ин ҷиноят аст ва гунаҳгорони истифодаи шиканҷа бояд ҷазо гиранд.
- Истифодаи шиканҷа нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон аст ва набояд дар ягон ҳолат сафед карда шавад.
- Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи умдаест, ки набояд дар ягон шароит маҳдуд карда шавад.
Барнома бо дастгирии лоиҳаи «Пурзӯр намудани фаъолиятҳо барои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», бо маблағгузории Комиссияи Аврупоӣ ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода карда шудааст.