Дар Суғд тренинг оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳои омўзиширо оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву пастзананди шаъну шараф баргузор намуд.

Рўзҳои 27-28-уми июли соли 2018 тренинги хотимавии дурўза бо иштироки адвокатҳои шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Бўстон ва ноҳияҳои Б. Ғафурову Ҷ. Расулови вилояти Суғд доир гардид.

Барномаи тренингҳо масоилеро аз қабили стандартҳои асосии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин кафолатҳои асосии ҳуқуқи боздоштшудагону маҳбусонро дар бар мегирифт. Иштирокчиёни тренинг бо намунаи фаъолияти адвокатҳо дар мавриди таваҷҷуҳ ба аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа дар зинаҳои гуногуни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ шинос гардида, ҳамзамон стратегияҳои амалӣ дар бораи ҳимояи қурбониёни шиканҷаро коркард намуданд.

Тренингҳо дар доираи лоиҳаҳои “Мубориза муқобили шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон” бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва “Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон” бо дастгирии Фонди Зигрид Раузинг гузаронида шуданд.

 

 

NoTorture.Tj