Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузории лоиҳаи «Муттаҳидсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон»-ро дар доираи барномаи «Воситаи аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон» (ВАДҲИ) оғоз намуд.
Шарикони лоиҳа Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Белгия) (шарики асосии лоиҳа), фонди ҷамъиятии "Нотабене" ва Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон (Тоҷикистон) ба шумор мераванд. Дар амалисозии лоиҳа инчунин Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иштирок менамояд. Давомнокии лоиҳа 24 моҳ буда, маблағи он 513 671 евроро ташкил медиҳад.
Лоиҳа ба дастгирӣ ва мустаҳкамсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба риояи стандартҳои байналмилаливу миллӣ дар самтҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, бо шумули озодии ибрози ақида, ассотсиатсияҳо ва ҷамъомадҳо, манъи табъиз, озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва дастрасӣ ба адолати судӣ равона карда шудааст. Лоиҳа чунин шаклҳои фаъолиятро дар бар хоҳад гирифт: мониторинги ҳуқуқи инсон ва корбарии бевосита бо қурбониёни ҳуқуқвайронкуниҳо, омодасозии гузоришҳо ва рушди ҳуқуқи инсон, мустаҳкамсозии потенсиали намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кор бо ВАО.
Шахсони масъул ва маълумот барои тамос