Дар Тоҷикистон иқдоми «Ман муқобили шиканҷа! Имрӯз! Фардо! Ҳамеша!» амал менамояд

Дар доираи лоиҳа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иқдоми «Ман муқобили шиканҷа! Имрӯз! Фардо! Ҳамеша!», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа,  ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн қайд карда мешавад, гузаронида истодааст.

Аз санаи 19 июн ва то охири июн Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хамаруза дар сомонаи Эътилоф www.notorturetj.org ва дар саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаҳои аксии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ба шумо пешкаш менамояд. Ба ғайр аз сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш маъюб шуд, дигар ҳама ҳангоми боздошт, бозпурсиҳо дар шуъбаҳои милитсия, ҳангоми хизмати ҳарбӣ ва адои ҷазо дар колонияҳо фавтидаанд. Онҳо аз 18 то 47-сола буданд.

Дар доираи ин иқдом, аз санаи 21 то 23 июн, дар мониторҳои калони кучаҳои Душанбе (назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон», ТВ «Сафина» ва пайкараи Исмоили Сомонӣ) навор бо титрҳо дар ду забон -  тоҷикӣ ва руссӣ, иқтибос аз муроҷиати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нораво будаи шиканҷа, асос ётааст.

Дар доираи иқдом 28 июн ҳамчунин намоиши расмҳо дар шаҳрҳои Хоруғ ва Ваҳдат ташкил карда мешавад, то ки истиқоматкунандагони ин минтақаҳо бо таърихи қурбониени шиканҷа дар кишвар  имконияти шиносоӣ пайдо карданро дошта бошанд. Соли гузашта чунин намоишгоҳи расмҳо дар виоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор гардида буд.

Алакай дар моҳи май, дар Рузи майналмилалии озодии матбуот Эътилоф  рузноманигон ва расонаҳои фаъоли кишварро бо туҳфаву дипломҳо барои саҳм гузоштанашон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои инсон қадрдонӣ кард.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011, ҷиҳати муттаҳид сохтани кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Эътилоф 11 ташкилот, зиёда аз 80 нафар намояндагони созмону ташкилотҳои аъзои Эътилоф, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносони соҳаи адолати судиро муттаҳид месозад.

Иқдоми «Ман муқобили шиканҷа! Имрӯз! Фардо! Ҳамеша!», дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуҳуҳи инсон», ки аз ҷониби Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуҳуҳи инсон дар якҷоягӣ бо фонди ҷамъиятии "Нотабене" ва ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустаҳили ҳифзи ҳуҳуҳи инсон” (аъзои  Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон), бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, амалӣ мегардад.

Барои иттилооти бештар мерояиат намоед ба: Шоира Давлатова, ҳамоҳангсози гуруҳи расонаӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустаҳили ҳифзи ҳуҳуҳи инсон”, тел: +992 907 83 11 32, e-mail: Shoiratj@gmail.com

NoTorture.Tj