Дар Тоҷикистон сержант барои латукӯби сарбоз 13 сол ҳукм гирифт

Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон аз рӯйи парвандаи марги сарбози 20-солаи қӯшунҳои сарҳадӣ Миралӣ Боқиев сержант Сиддиқ Саъдуллоевро ба 13 соли ҳабс дар колонияи низомаш пурзӯр маҳкум кард.

- Пайвандони сарбоз-марзбони фавтида гуфтанд, ки ният доранд нисбати ду нафар сарбози қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои пешгирӣ накарданашон аз фоҷеа ба суд муроҷиат кунанд,- хабар медиҳад Centralasian.org.

Радиои «Озодӣ» бо истинод ба суд хабар медиҳад, ки сержант Сиддиқ Саъдуллоев барои «сӯйистифода аз ваколати хизматӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» гунаҳгор дониста шудааст. Саъдуллоев ба гуноҳи худ иқрор шудааст ё не, хабар дода намешавад.

Падари сарбоз-марзбони фавтида Келдиёр Боқиев дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» 8-уми апрел гуфтааст, ки аз ҳукми содиршуда қаноатманд аст, вале розӣ нест, ки ду нафар афсари қисми ҳарбӣ фоҷеаро пешгирӣ накарданду беҷазо мондаанд.

"Дар толори суд мо - хешовандон 10 нафар будем. Пеш аз баровардани ҳукм мо аз судя дархост кардем, то аз ду командири қисми ҳарбӣ бипурсанд, ки барои чӣ вақте сержант дар ҳузури дигар сарбозҳо писари маро бераҳмона латукӯб кардааст, дахолат накардаанд? Судя ин суолро ба онҳо дод, аммо посух набуд»,- мегӯяд Боқиев.

Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан барои сержант Сиддиқ Саъдуллоев 14 сол ва 8 моҳи ҳабс пурсида буд.

Миралӣ Боқиеви фавтида моҳи майи соли гузашта ба сафи артиш даъват гардида буд ва 17-уми январ аз ҷониби сержант дар ноҳияи Фархор латукӯб шуд. Ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш - шаҳри Панҷакент ба хок супориданд.

Он вақт иттилоъ дода шуд, ки «сержант ба ӯ ду зарбаи сахт задааст, як зарба ба қисмати дил, ки ба марги сарбоз оварда расонидааст».

Келдиёр Боқиев мегӯяд, ки Миралӣ орзуи инженер-роҳсоз шуданро дошт. Ӯро ба артиш ҳангоми таҳсил намуданаш дар техникуми роҳсозӣ даъват карда буданд. Миралӣ писари хурдии Келдиёр Боқиев - падари ҳашт фарзанд буд.

Муаллиф: Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ

Asia-Plus