Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дидбони Ҳуқуқи Башар аз давлати Узбакистон хостори таҳқиқи шаффофи марги Нилуфар Раҳимҷонова, як табаъаи Тоҷикистон дар зиндони Зангиотаи шаҳри Тошканд, шудааст.
Ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар баёнияе, ки ба таври муштарак бо Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна интишор дода, гуфтааст Узбакистон бояд ҳамаи зиндониёнеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, ба феҳристи афв ба муносибати Рӯзи Қонуни асосии ин кишвар изофа кунад.
Нилуфар Раҳимҷонова, табаъаи тоҷик, ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз ва ҷосусӣ боздошт шуда буд, аммо ба навиштаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, боздошти ӯ ба фаъъолиятҳои мазҳабии падараш Домуло Маъруфҷони Истаравшанӣ ва шавҳараш Сайидюнуси Истаравшанӣ марбут аст.
Ин ду рӯҳонии саршинос дар даҳаи 1990 аз сиёсатҳои Ислом Каримов дар заминаи эҷоди маҳдудият дар фаъъолиятҳои мазҳабии шаҳрвандон интиқод кардаанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки дар Эрон ба сар мебарад, дар моҳи сентябри гузашта дар номае саргушода ба Кумисери ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз ӯ хоста буд, ки кумак кунад, то "авомили мустақим ва ғайримустақими қатли мазлумонаи" ҳамсараш бояд ба додгоҳ кашида ва муҷозот шаванд.
Дар номаи ӯ, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд, аз ҷумла омада буд: "Талаби ман ин аст, ки парвандаи ин ҷинояти нобахшуданӣ аз тариқи бозҷӯҳои байналмилалӣ баррасӣ ва онгоҳ ин афроди ҷиноятпеша, аз ҷумла шахси Каримов, дар яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ, ки ин кумисиюн таъйин мекунад, муҳокима ва ҳукми муносиб ва муҷозот барояшон содир бишавад."
Хонуми Раҳимҷонова се сол пеш, замоне ки барои ширкат дар ҷашни арӯсии бародараш ба Узбакистон рафта буд, боздошт шуд. Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд танҳо ҷурми Нилуфар Раҳимҷонова ин буда, ки ӯ аз марзи Тоҷикистону Узбакистон бидуни раводид убур кардааст.
Аммо додгоҳи шаҳри Тошканд, ки гуфта мешавад бо нақзи фаровони муқаррароти ҳуқуқи башар баргузор шуда, ӯро ҳамчунин дар "терурисм" ва "ҷосусӣ барои Тоҷикистон" муҷрим шинохтааст.
Ба бовари Надежда Атоева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна ва яке аз муаллифони ин баёния, мақомоти узбак ҷанозаи Нилуфар Раҳимҷоноваро ба хешовандонаш ба ин шарт таҳвил додаанд, ки ҷасадашро бидуни муъоянаи додпизишк билофосила ба хок супоранд.
Хонум Атоева, ки дар хориҷа масоили ҳуқуқи башар дар Узбакистонро дунбол мекунад, мегӯяд ин иқдоми маъмурони амниятӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки алайҳи хонум Раҳимҷонова аз шиканҷа истифода шудааст.
Дар баёнияи Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна мехонем: "Мақомот мебоист ҳамчунин таҳқиқоти муассире дар заминаи марги Нилуфар Раҳимҷонова, зани 37-солае, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт шуда ва дар моҳи сентябри соли 2014 дар ҳабс даргузашт, анҷом бидиҳанд."
Ба навиштаи ин ду созмон: "Давлати Узбакистон ҳазорон нафарро, аз ҷумла фаъъолони ҳуқуқи башар, мухолифон, хабарнигорон, рӯҳониён, ҳунармандон ва дигар мунтақидонро, барои ақоиди сиёсияшон зиндонӣ кардааст. Вазъи саломати бархе аз онҳо вахим аст ва бархе дигар мавриди шиканҷа қарор мегиранд ва мақомот давраи маҳкумияти бархе аз онҳоро ба сурати худсарона тамдид кардаанд."
Истив Исвердлу, таҳлилгари масоили Осиёи Миёнаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, давлати Узбакистон мебоист аз ин фурсат (солгарди Қонуни Асосӣ) барои раҳоии афроде, ки ба хотири истифодаи мусолиматомез аз ҳуқуқи асосии худ зиндонӣ шудаанд, истифода кунад.
Ба навиштаи ин созмон, давлати Узбакистон ба муносибати Рӯзи Қонуни асосияш, ки бо 7-декабр мусодиф аст, "ҳазорҳо зиндониёнро, ки муртакиби ҷиноёти сабук шудаанд, афв карда ва дар моҳҳои оянда низ бисёреро озод хоҳад кард. Ин афв ба занон ва зиндониёни болои синни 60 низ итлоқ мешавад. Аммо ин афроде, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, банудрат муъоф шудаанд."
Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин ибрози нигаронӣ карда, ки аз 44 зиндонии сиёсӣ дар Узбакистон, давраи маҳкумияти 14 нафар бо баҳонаи "нақзи муқаррароти зиндон" тамдид шудааст. Ҳамин таҷруба дар мавриди зиндониёне ҳам, ки бо ангезаҳои мазҳабӣ маҳкум шудаанд, низ фаровон эъмол мешавад.
Надежда Атоева, фаъъоли ҳуқуқи башар ва раиси Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна, мегӯяд: "Муҳаммад Бекҷонов, Акрам Юлдошев, Мурод Ҷӯраев ва Солиҷон Абдураҳмонов аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки иштибоҳан зиндонӣ шудаанд, синну солашон болост ва вазъи саломаташон хуб нест. Давлати Узбакистон бояд ин афродро афв кунад, то онҳо дигар як рӯзро ҳам пушти милаҳои зиндон нагузаронанд."
Дар баёнияи муштараки Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна ҳамчунин аз давлати Узбакистон хоста мешавад, ки иттиҳомоти марбут ба шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ ва тамдиди давраи маҳкумияти зиндониёнро таҳқиқ кунад. Ҳамаи зиндониён ба кумакҳои пизишкӣ ва дидор бо аъзои хонаводаҳояшон бояд дастрасӣ пайдо кунанд.
Узбакистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки корномаи ҳуқуқи башарашон сиёҳ аст. Дидбони Ҳуқуқи Башар ахиран гузориш дод, ки ҳазорҳо нафар дар ин кишвар ба хотири эҳқоқи ҳуқуқу озодиҳояшон зиндонӣ шудаанд.